14 ноябри соли 2021 дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии департаменти минтақавии Бонки Осиёии Рушт дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷаноби Евгений Жуков аз шуъбаи Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Ҳисор дидан кард.
Ҳадафи аслии ин диду боздид ошноӣ бо кори таҷҳизоти муосири радиолакатсионии тамғаи DMRL - C – 5 мебошад, ки моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин радар дар доираи лоиҳаи муштараки идораи офатҳои табиӣ миёни Бонки Осиёиии Рушт ва КҲФ дастрас шуда буд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода дар бораи фаъолиятҳои Кумита, офатҳои табии рухдода дар қаламрави кишвар, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо муфассал маълумот дод ва як силсила лоиҳаҳои нави ҳамкории КҲФ бо БОР-ро дар идораи хатари офатҳои табиӣ дар оянда пешниҳод кард.
Ҷаноби Евгений Жуков ба кори идораи наҷоти кишвар баҳои баланд дод ва қайд кард, ки БОР дар оянда низ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.