Ҳамоиши Глазго бо қабули як тавофуқнома ба поён расид. Таҳлилгарон онро ноқис ва нокифоя медонанд

Кишварҳои ҷаҳон саранҷом ба сари паймоне барои коҳиши хатарҳои тағйири иқлим дар иҷлоси Глазго ба тавофуқ расиданд. Ин аввалин тавофуқи иқлимӣ аст, ки сареҳан қасди коҳиши  масрафи зуғолсанг-бадтарин омили тавлиди газҳои гулхонаиро дорад.

 Бандҳои асосии ин созишнома:

  • Тадриҷан коҳиш додани ҳаҷми истифодаи ангишт чун харобкортарин васила барои табиат.
  • Таҳлили пайвастаи корҳои анҷомдодашуда.
  • Афзоиш додани кумаки молиявӣ ба кишварҳои фақир ва мамолики рӯ ба рушд барои мубориза бо тағйири иқлим.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд тавофуқҳои ҳосилшуда барои татбиқи барномаи то 1,5 дараҷа нигоҳ доштани гармии иқлими Сайёра кофӣ нест. Шаш сол пеш муоҳадаи дар Порис имзошуда маҳз ҳамин ҳадафро дунбол мекард ва бо гузашти ин шаш сол ҳам кишварҳои олам ҷиддан ба дарки масъала нарасиданд ва дар қабули бандҳои зиёде дар ин созишном ихтилофи назар доштанд.

Ба ин ҳамоиш намояндагони Русия ва Чин – ду кишвари асосии тавлидкунанда ва истифодабарандаи ангишт ширкат накарданд. ИМА низ ҳарчанд президент Ҷо Бойден иштирок дошт, вале ягон нақшаи дақиқ ва тарҳи созандае пешниҳод нанамуд. 

Президенти ҳамоиш Алок Шарма дар суханронии хотимавии худ аз он изҳори таассуф кард, ки натиҷаи нишаст на ҳамаро қонеъ мекунад, вале муҳимтар аз ҳама ҳифзи тавофуқест, ки ҳоло ҳосил шудааст. 

Сарвазири Британия Борис Ҷонсон изҳори умед кард, ки нишасти Глазго оғози охири гармшавии сартосарӣ хоҳад буд. “Солҳои оянда ба мо лозим меояд корҳои хеле зиёдеро анҷом диҳем, аммо муоҳадаи имрӯза қадами бузурге ба пеш буд. Ин аввалин муоҳада дар таърих аст, ки кишварҳо тавофуқ карданд зина ба зина истифодаи ангиштро коҳиш медиҳанд.” 

барчасп: