Эълони ҳолати фавқулодда дар чанд шаҳри Канада

Дар чандин шаҳри вилояти Канада –Квебек, аз ҷумла дар Монреал бар асари обхезӣ ва сели азим ҳолати фавқулодда эълон шуд.
Бино ба гузориши хабаргузории ВВС дар ин вилоят аллакай бештар аз ду ҳазор хона дар 130 шаҳру ноҳияи вилоят зери об мондааст. Дар қаламрави наздик ба 500 метри квадратӣ зарур омад, ки  сокинони маҳаллиро ба макони амн интиқол диҳанд.
Рӯзи якшанбеи гузашта дар яке аз минтақаҳои Монреал сел якчанд сарбандро вайрон кард ва мақомот ногузир шуданд бонги изтироб зананд ва ҳолати фавқулодда эълон намоянд.
Сарвазири вилояти Квебек Филипп Куйяр дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ин вазъ ҳоло боз чанд рӯзи дигар идома мекунад. Суханони ӯро бодуҳавошиносон низ тайид кардаанд ва аз аҳолӣ хостаанд дар ин рӯзҳои мудҳиш хеле ботаваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошанд.
Наҷотдиҳандагони мақомоти наҷот дар ҷойи ҳодиса саргарми коранд ва онҳо барои интиқоли аҳолӣ аз маҳалҳои осебзада кӯмак мекунанд.
Мақомот ҳоло ба таври расмӣ аз мизони талафоту зарар иттилоъ надодаанд.

барчасп: