Асроромезтарин садамаҳои ҳавопаймоӣ дар таърихи ҳавонавардӣ

Ҳар замоне ин ё он ҳавопаймо ҳангоми парвоз аз назари радар гум мешавад, гумони суқути он ва ҳалокати кулли сарнишинонаш боло мегирад. Ва табиист, ки ҳамагӣ бонги изтироб мезананд, корҳои ҷустуҷӯ оғоз мегарданд. Дар аксар мавридҳо шикастапораҳоро бо ҷасадҳои пора-пораву комил пайдо мекунанд. Комиссияҳо созмон дода мешаванд, таҳлилу таҳқиқ оғоз мешавад. Вале на ҳамеша иллати аслии суқути ҳавопайморо пайдо мекунанд. Садҳо сабаби сарнагунии тайёраҳо ошкор нашудааст.

Таҳлилгаре бо исми Маргарита Кудрявсева бо таҳлили баъзе ҳолатҳои суқути тайёраҳо дар солҳои мухталиф ба ин натиҷа расида буд, ки дар таърихи сарнагунии ҳавопаймоҳо ҳолатҳое ҳам шудааст, ки тайёраҳо нопадид шудаанд, ҷустуҷӯҳо натиҷа надодаанд ва мусофирон баногоҳ баъди ду моҳи ҳодиса саломат пайдо шудаанд. 

8 – уми марти соли 2014 ҳавопаймои Malaysia Airlines, ки ба самти Пекин дар ҳоли ҳаракат буд, баъди 40 дақиқаи ба ҳаво хестан аз Куала-Лампура аз назари радарҳо нопадид гашт. Баъди чанд соати қатъ шудани иртибот ва талошҳои нобарор барои пайдо кардани ҳавопаймо дар ҳаво раёсати нақлиёти ҳавоии Куала-Лампура бонги хатари “фалокат” зад. Аввалин амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар баҳри Ҷини Ҷанубӣ оғоз шуд ва баъдан дар гулӯгоҳи Малок ва уқёнуси Ором идома ёфт. Аммо ин ҳама талошҳо ҳеч муваффақияте надошт ва моҳи апрели ҳамон сол ҷустуҷӯи он қатъ шуд. Моҳи август корҳои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуданд, вале боз ҳам бенатиҷа. Солҳои 2015-2016 дар соҳилҳои Реюнон шикастапораҳои ҳавопайймо мушоҳида шуданд. Вале ҷойи аслии суқути ин ҳавогард ва сабабу иллатҳои садама муайян нашуданд.

17-уми июли соли 2014 боз як ҳавопаймои малайзиёӣ нопадид шуд. Шикастапораҳои онро хеле зуд дар марзи Украина ва Русия пайдо карданд, аммо сабабҳои ин фоҷеаро дергоҳ ҷустанд ва ҳисоботи ин ҳама ҷусторҳо танҳо моҳи октябри соли 2015 нашр шуд. Ҳатто баъди чоп шудан ва расонаӣ гаштани ин ҳисобот ҳам баҳсҳо сари гунаҳгори фоҷеа қатъ нашуданд. 

Таърих шоҳиди рӯйдодҳоест, ки киштиҳои ҳавоӣ бенишон гум шуданд, изи онҳоро дигар ҳаргиз пайдо накарданд. Аз ҷумла, 5-уми моҳи декабри соли 1945 дар ноҳияи Секунҷаи Бермуд якбора панҷ ҳавопаймои ҳарбии амрикоӣ нопадид шуданд. На тайёраҳо ва на халабонҳои онҳо ҳатто то ба имрӯз  пайдо нашуданд. 

8 ноябри соли 1957 ҳавопаймои ширкати PanAm таҳди унвони “Романтика дар фазо” аз фурудгоҳи Калифорния ба парвоз омад, касе ҳатто тахмин ҳам намекард, ки ин тайёра ба Гонолули Гавай ба замин наменишинад. Охирин бор вақте ҳавопаймо ниме аз ин роҳро тай карда буд, бо замин дар иртибот шуд ва баъди ин ҳама гуна алоқа бо он қатъ гашт. Баъди ин ба дунболи вай ҳавопаймои дигар эъзом шуд, аммо ҷустуҷӯҳои чандинрӯза натиҷа надоданд. Ҷасади чанде аз мусофиронро рӯзи 14-ми ноябр пайдо карданд. Ташхиси токсикологӣ баланд будани сатҳи моноксиди карбонро нишон дод ва тахмин зада шуд, ки сабаби  марги мусофирони ин ҳавопаймо заҳрорлуд шудан аз гази карбон буд. Вале иллати суқути ҳавопаймо то ба охир маълум нашуд. 

Солҳои суқут

Сислсилаи ҳадисаҳое, ки зарфи як даҳсола то суқути маргбори ҳавопаймои PanAm рух дод, як давраи нобарор барои ширкати ҳамопаймоии British South American Airways (BSAA) буд, ки халабонҳои собиқи ҳарбӣ дар Подшоҳии Британия асос гузошта буданд. Дар охири солҳои 1940 ҳавопаймоҳои BSAA қариб ҳар сол нопадид мешуданд. Чунончӣ, соли 1948 ҳангоми парвоз аз Лиссабон дар ҷазираҳои Бермуд тайёраи Star Tiger гум шуд. Ин ҳавопаймо барои сӯхтгирӣ дар Сантаи – Марияи ҷазираҳои Азор фуруд омада буд ва баъдан бо вуҷуди боди сахту шадид ва ҳавои боронӣ ба роҳи худ ба самти ҷазираҳои Бермуд идома дод. Баъди 13 соати парвоз иртибот бо Star Tiger гусаста шуд. Аз ин ҳавопаймо ҳеч нишоне ба даст наёмад. Бе ягон нишон нопадид шудани тайёра ба ривояти орифонаи секунҷаи Бермуд чанд сатри дигар илова намуд.  

Соле баъд як ҳавопаймои дигари BSAA Star Ariel аз тариқи ҷазираҳои Бермуд ба самти Кингстон (Ямайка) парвоз намуд. Дар иртиботҳои аввал дар бораи вазъи ҳаво гузоришҳои хуб ироа кард ва ба назар мерасид ҳаво мусоид ба парвоз аст. Аммо баъди як соати парвоз иртибот бо ин ҳавопаймо низ ба таври асроромез қатъ шуд. Ҳама талошҳои пайдо кардани нишоне аз ҳавопаймо бенатиҷа анҷом шуданд. Ҷустуҷӯ муддати 6 рӯз идома кард, вале ҳеч аломате аз он пайдо нашуд.

Аммо ҳодисаи фавқулода бо ҳавопаймоҳои ширкати BSAA моҳи августи соли 1947 рух дод. Он замон тайёраи Star Dust, ки аз Буэнос-Айреса ба самти пойтахти Чили парвоз мекард, чун дигар ҳавопаймоҳои ин ширкат бенишон ғайб зад. Кулли талошҳо ва ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд ва дар миён фарзияҳои зиёде аз қабили рабуда шудани он аз ҷониби хадамоти махсуси кадом кишваре ва ё аз ҷониби одамони сайёраи дигар бурдани он паҳн шуданд. 50 сол баъд муҳаррики онро дар кӯҳи Тупунгото (анг. Volcán Tupungato – минтақаи маскунӣ дар Чили), 80 километр дур аз Сантяго пайдо карданд. Соли 2000 артиши Аргентина боқимондаҳои ҳавопаймоҳои дигар ва ҷасади одамонро пайдо кард.

Баъдан тафтишҳо ва пажӯҳишҳои дигар роҳандозӣ шуданд ва ҳамагон тахминан ба фарзияи аз иштибоҳи халабон ба кӯҳ бархӯрдани ҳавопаймо мувофиқ буданд. Дар ин гузоришҳо тахмин зада мешуд, ки тайёра ба кӯҳ бархӯрдаву баъдан миёни барфу ях нопадид шудааст ва муддати 50 сол касе асаре аз он пайдо накард. 

Зиндаҳо дар фоҷеаи Анд

Соли 1972 сарнавишти Star Dust такрор шуд. Ҳавопаймои Fairchild FH-227D мансуб ба қувваҳои мусаллаҳи Уругвай, ки тими бозигарони регбии  Old Cristians – ро интиқол медод, низ ба Сантяго равона буд. Он ба мавқеъи асоси наздик шуд ва бо вуҷуди он ки ҳаво номусоид буд, барои поин омадан ва нишастан иҷозат гирифт. Баъдҳо амали диспетчерро чун иштибоҳи ногузир қаламдод карданд. Ҳангоми поин омадан думи ҳавопаймо ба қулла дармонд ва он зери пояи кӯҳи Анд (тӯлонитарин риштакӯҳи олам) сарнагун шуд. Ҳукуматдорони Аргентина, Уругвай ва Чили дастури ҷустуҷӯи фаврии онро содир карданд. Вале чун он ба яху барф фурӯ рафта буд, ҷустуҷӯ натиҷа надод. Баъди як ҳафта фармони қатъи ҷустуҷӯҳо содир шуд. Дар ҳоле, ки он замон дар дохили ҳавопаймо мусофирони зинда боқӣ монда буданд. Муддати ду моҳи оянда зиндамондагон  эҳсоси сардӣ карданд, ғизо намерасид. Онҳо се маротиба бурун рафтанд, то ба кумак даъват кунанд ва танҳо маротибаи сеюм муваффақ шуданд имдодгаронро дарёбанд, 16 мусофир зинда наҷот дода шуданд ва худи ин ҳодиса дар таърихи ҳавопаймоӣ бо номи “Муъҷиза дар Анд” маъруф шуд. 

Ҳалокат ё ҳамлаи коллексионерон

Охири осли 1970 рӯйдоди хеле ҷолиби дигаре рух дод, ки мутаассифона анҷоми нохӯш дошт. 30 январи соли 1979 ҳавопаймои Boeing 707-323C мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Varig Brazilian аз Токио парвоз кард ва баъди тахминан камтар аз як соат нопадид шуд. Халабони ин ҳавопаймо баъди 22 дақиқаи парвоз охирин маротиба дар иртибот шуд ва баъдан алоқа гум шуд. Бонги хатари нопадид шудани лайнер зада шуд, ҷустуҷӯҳои беҳосил муддати  8 соат идома карданд, вале чун дар ҳодисаи Star Tiger ин ҳама бенатиҷа буд. Ин ҳавопаймо асарҳои нодири наққоши маъруф Манабу Маберо мебурд, ки 1,2 миллион доллар арзиш доштанд.

Аз он ки ҳеч маълумоти дақиқ дар бораи сабабҳои суқут ё нопадид шудани ҳавопаймо эълон нашуда буд, фарзияҳои дигар пеш омаданд. Аз ҷумлаи ин фарзияҳо ҳамлаи коллексионероне буд, ки ҳамвора пушти ба даст овардани асарҳои Манабу мегаштанд. Вале бо гузашти даҳсолаҳо ин асарҳои наққошӣ дигар ҷойе пайдо нашуданд, аз вуҷуди худ дарак надоданд ва табиист, ки ин фарзия худ аз худ аз миён рафт. Аммо фарзияҳои дигар ҳам буданд. Тахмин мерафт, ки ин ҳавопаймо тасодуфан ва ё ғайритасодуфӣ ба фазои Иттиҳоди Шӯравӣ ворид шуд ва аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар сарнагун карда шуд. 

Тибқи як фарзияи дигар ин ҳавопаймо гӯё қисмҳои ҷангандаи МиГ-25-ро, ки халабони фирории рус Виктор Беленко ба Ҷопон бурда буд, интиқол медод. Аммо ин воқеъият, ки ин МиГ ҳанӯз соли 1976 ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргардонида шуда буд, дигар ба шоеапароканиҳо таъсире надошт. 

Ҳалокати Boeing 747

Ҳалокати Boeing 747 дар наздикии Токио — бузургтарин садамае буд, ки 12 августи соли 1985 сурат гирифт ва дар қатори пурқурбонитарин фалокатҳои ҳавопаймоӣ дар олам дохил мешавад. Ҳавопаймои  Boeing 747SR-46 мансуб ба ширкати ҳавонавардии Japan Air Lines (JAL) бо хатсайри дохилии Токио – Осака дар парвоз буд ва баъди 12 дақиқаи парвоз дар ҳаво ҳамаи чаҳор системаи гидравликии он аз кор монд ва халабонҳо дигар натавонистанд онро идора кунанд. Танҳо коре, ки анҷом доданд, муддати 32 дақиқа онро дар ҳаво нигоҳ доштанд, аммо дар охир ин тайёра ба кӯҳи Такамагаҳаро, 100 километр дуртар аз Токио  бархӯрд. Аз 524 нафар (509 мусофир ва 15 узви экипаж) 520 нафар ҳалок шуданд ва 4 нафар аз ҷумлаи мусофирон зинда монданд.

Баъди бархӯрди ду Боинг 747 дар Тенериф, ки соли 1977 иттифоқ уфтода буд, ин дуюмин фалокати ҳавопаймоист, ки одамони зиёде кушта шуданд. 

Паёмадҳо

  • Ширкати ҳавопаймоии Japan Air Lines (JAL) баъзе аз масъулиятҳоро бар дӯш гирифт, аз ҷумла гуфта шуд, ки тайёраи таъмиршударо ба ҳадди лозим насанҷид. Президенти ширкат Ясумото Такаги ба истеъфо рафт, сардори назорати техникии фурудгоҳи Ханэда Хиро Томинаго худкушӣ кард. 
  • Назорати фаврии ҳамаи ҳавопаймоҳои Boeing 747, ки дар Ҷопон фаъол буданд, гузаронида шуданд ва даҳҳо камбудии дигар ошкор шуданд.
  • Ширкати ҳавопаймоии ҷопонии Japan Air Lines (JAL) ба нишони эҳтироми мусофирони хатсайри 123 рақаи парвози Токио-Осакаро аз JAL 123 ба JAL 127 иваз намуд ва баъди он ба ин хатсайр танҳо ҳавопаймоҳои  Boeing 767, Boeing 777 ва Boeing 787 парвоз мекарданд.
  • Аксари пайвандони ҳалокшудагон ба ивази шикояти додгоҳӣ набурдан аз ширкати JAL ҷубронпулӣ дарёфт карданд. 

Бархӯрди ду ҳавопаймо дар фурудгоҳи Лос-Родеос

Дар таърихи ҳавопаймоии башарӣ ин низ аз бузургтарин фоҷеаҳост, ки 27-уми марти соли 1977 дар ҷазираи Тенерифа (ҷазираҳои Кунар) рух дод. Ду ҳавопаймо дар фурудгоҳи Лос  Родеос ба ҳам бархӯрданд. Яке  Boeing 747-206B мансуб ба ширкати ҳавопаймоии KLM (хатсайри KL4805 Амстердам—Лос-Полмос) ва Boeing 747-121 ширкати ҳавопаймоии Pan American (хатсайри PA1736 Лос-Анжелос—Ню-Йорк—Лос-Палмос) буданд. Дар ин фалокат 583 нафар кушта шуданд. Аз ҷумла ҳамаи 248 мусофири хатсайри 4805 (234 мусофир ва 14 аъзои экипаж) ва аз 396 нафар 335 нафар мусофирони хатсайри 1736 (380 мусофир ва 16 узви экипаж).

Дар таърихи суқути ҳавопаймоҳои олам ин бузургтарин садамаи маргбор буд.

Дар тафтишу баррасии сабабҳои ин бархӯрди маргбор бештар аз 70 нафар мутахассосон аз Испания, Нидерландия ва ИМА, аз ҷумла намояндагони ҳарду ширкати ҳавопаймоӣ иштирок карданд. Далелҳо ба он гувоҳӣ медоданд, ки диспетчерҳо дастурҳои иштибоҳӣ додаанд ва дар натиҷа ин боиси қарори нодурусти экипажи ҳавопаймои Boeing KLM шудааст.

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:

барчасп: