Олами синамо ба суқути маргбори ҳавопаймоҳо аз ибтидо таваҷҷуҳи хоса доштааст. Ҳарчанд бисёре аз ин филмҳо аз рӯйдодҳое ҳикоят мекунанд, ки ҳавопаймо ҳангоми парвоз ё рабуда мешавад ва ё ба дасти ким-кадом гурӯҳи ҷиноӣ меафтад, ҳодисаҳое назири харобии тайёра дар ҳаво ва талоши халабонҳо барои наҷоти ҷони одамон низ аз ҷумлаи мавзӯҳои мавриди тасвир дар синамо будааст.
Дар ин бахш аз 11 филме мухтасар ёд мекунем, ки дар олами синамо шуҳрат доштанд.
“713-ум хоҳиши нишаст дорад” (1962)
Аввалин филми Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар мавзӯи наҷоти ҳавопаймо аз амали террористии ноком дар тайёра ҳангоми парвози он нақл мекунад.
Коргардони он Григорий Никулин буд, ки ситораҳои маъруфи синамои кишвар: Отар Коберидзе, Владимир Честноков, Ефим Копелян ва дигаронро ҷалб кард.
Аммо нақши маллоҳи баҳрии амрикоиро Владимир Висотский-ҳунарманди маъруфи театр ва яке аз овозхонҳои шинохта бозид. Зимнан, ин аввалин нақши Висотский дар синамо буд ва ҷолиб он аст, ки бо ҳамсари ояндаи худ Людмила Абрамова низ дар наворбардории ҳамин филм шинос шуда буд.
Филм аз он ҳикоят мекунад, ки барои ҳукуматдорон дидгоҳҳои сиёсӣ таваҷҷуҳбарангезтар аз он аст, ки кӣ аз ин фоҷеа пешгирӣ намуду ҷонбозиҳо кард.
«Парвози қақнӯс” (1965)
Сол 1964 Эллестон Тревор романи худ “Парвози қақнӯс”-ро интишор намуд ва соле баъд маъруфтарин коргардони амрикоӣ Роберт Олдрич бо ҷалби панҷ ситораи синамои Амрико ва дорандагони ҷоизаи Оскар Ҷеймс Стюарт, Ричард Аттенборо, Эрнест Боргнайн, Питер Финч ва Ҷорн Кеннеди аз рӯи ин роман филм бардошт.
Шарҳи калимаи “қақнӯс”: Анг. Phoenix. Қақнӯс як мурғи асотирист, ки дар баъзе манобеъ мурғи Самандар ҳам номида шудааст. Ин мурғи хушрангу хушовоз гӯё 1000 сол умр мебинад, дар минқораш 360 сӯрох дорад ва дар кӯҳи баланде муқобили бод нишаста, садоҳои аҷибу дилкаше мебарорад, ки боиси ҷамъ гардидани дигар парандагон мегардад, аз онҳо чандеро туъмаи худ месозад. Ҷуфт надорад ва худро дар охири умраш оташ мезанад ва аз хокистараш тухм ва насли нав пайдо мегардад. Қақнӯс на танҳо дар афсонаҳои халқҳои эронинажод, балки дар асотири юнониён, мисриён, чиниёни бостон низ дида мешавад.
Филм аз он ҳикоят мекард, ки чӣ гуна метавон ҳавопаймои харобшударо дар фазо таъмир кард ва ҳамзамон бо дастаи роҳзанҳо ва ғоратгарони мусаллаҳ мубориза бурд.
Ҳарчанд филм дар прокат муваффақият надошт, вале соҳиби ду “Оскар” шуд: яке барои нақши мардонаи дуюм ва дигар барои бандубаст (монтаж).
Соли 2004 ремейки ҳамноми “Парвози қақнӯс” рӯи кор омад, ки нақшҳои асосиро дар он Деннис Куэйд ва Ҷованни Рибизи мебозиданд. Ин филм низ дар прокат муваффақият надошт, ҳарчанд аз нигоҳи бадеӣ хеле олӣ буд.
«Фурудгоҳ” (1970)
Филм аз рӯи романи Артур Хейли ба навор гирифта шуд ва дар он ситораҳои машҳури Ҳоливуд Берт Ланкастер, Дин Мартин, Жаклин Биссет, Ҷинн Сиберг, Ҷорҷ Кеннеди нақш офариданд.
Филм хеле муваффақиятнок буд ва дар намоиш беш аз 100 миллион доллар гирд овард, ки даҳ баробар бештар аз хароҷоти он буд. Ҳамчунин соҳиби даҳ номина дар ҷоизаи “Оскар” шуд.
Ба ҳадде, ки ҳатто иҷрогари нақши асосӣ Берт Ланкастерро ба тааҷҷуб овард. Вай гуфт: “Намефаҳмам, чаро ин филм ҷолиб шуд ва соҳиби ҷоиза. Ин бузургтарин лашулуше буд, ки замоне рӯи кор омадааст”.
Ва баъдҳо маълум гардид, ки Ланкастер танҳо ба он шарт розӣ шуд дар ин филм нақш офарад, ки студия чандин лоиҳаҳои ғайритиҷоратие, ки барояш хуш буд, сармоягузорӣ мекунад.
«Экипаж» (1979)
Филми Александр Митта “Экипаж” чун посухе ба Чемберлен (Невилл Чемберлин - Нахуствазири Британия ва сарвари ҳизби консерваторҳо буд, ки солҳои 1869-1940 зистааст) омода шуда буд, чун дар Иттиҳоди Шӯравӣ филмҳои Ҳоливуд дар мавриди фалокатҳои ҳавопаймоӣ намоиш дода намешуданд.
Коргардон дар бахши аввали филм хеле муфассалу дурудароз дар бораи ҳаёти қаҳрамонони он дар замин ҳикоят мекунад ва танҳо бахши дуюми он ба фалокати ҳавопаймоӣ бахшида шуда буд, ки саҳнаҳои таркиш, сӯхтор ва даҳшатҳои дигарро фаро мегирифт. Нақшҳоро дар филм Леонид Филатов ва Александра Яковлева бозиданд.
“Экипаж” аз пурбинандатарин филми сол шуд ва дар аввалин соли истеҳсолаш онро 71 миллион нафар тамошо карда буданд.
Соли 2016 “Экипаж”-ро бо ширкати Владимир Машков ва Данила Козловская дубора ба навор гирифтанд.
«Конкорд”- ро наҷот диҳед!» (1979)
Коргардони ин филм Руҷеро Деодато (Италия) таҳқиқот дар бораи як силсила суқути ҳавопаймоҳоро филм сохт.
Пажӯҳиш аз ҷониби журналисти маъруфи кишвар, ки нақши ӯро Ҷеймс Франсискус мебозид, анҷом шуда буд. Ба ӯ дар ин кор яке аз меҳмондорони соҳибтаҷриба Мимзи Фармер кумак мекунад. Ин филм ҳам дар замони худ яке аз пурбинандатарин филмҳо шуд ва дар аввалин соли истеҳсолаш 24,1 миллион бинанда дошт. Ҷолиб он аст, ки соле баъд Деодато пурмоҷаротарин филм дар таърихи синаморо бо номи “Дӯзахи одамхӯрон”-ро ба навор гирифт.
«Зинда мондан” (1993)
Сужаи филм аз суқути ҳавопаймо ва фоҷеаҳои атрофи онро, ки 13-октябри соли 1972 дар Анд (кӯҳҳои Анд – ба забони инкҳо кӯҳҳои дорои мис) ба вуқӯъ пайваста буд, сохта шуд. Дар он суқути маргбор, ки тими уругвайии регби низ дар он сафар дошт, аз 33 нафар 16 нафар зинда монда буданд.
Нақши асосиро дар он Итан Ҳоук бозид ва бо ҳамин филм мавқеъи худро дар Ҳоливуд мустаҳкам намуд (чор сол баъд маҳорати худро дар филми “Ҷамъияти шоирони мурда” бармало кард). Ба нақши асосӣ ҳамчунин ҳунарманди он замон ҷавон Брэд Питт низ ҷалб шуда буд, вале коргардон Маршалл ба натиҷа расид, ки бозии Питт боварибахш нест.
Аз он ки мавзӯъи одамхӯрӣ дар Ҳоливуд манъ буд, ҳодиса дар Андро беш аз даҳ сол нахостанд наворбардорӣ кунанд, ҳарчанд сенарияи он соли 1981 омода шуда буд. Аммо соли 1976 ҳамин ҳодисаро бо номи “Зиндамондагони Анд” дар Мексика филм карда буданд.
«Ошуфтагӣ” (анг. Turbulence) (1997)
Рэй Лиотта ва Брендан Глисон дар нақши ҷинояткороне зоҳир мешаванд, ки ҳамеша аз ҳавопаймо ба ҳавопаймои дигар дар сафаранд. Лорен Ҳолли нақши меҳмондореро иҷро мекунад, ки ҳамагӣ зарфи чанд соат дар мавриди идораи ҳавопаймо ҳангоми талотум омӯзиш мебинад ва ҳамзамон ин дарсро ҳам аз худ мекунад, ки чӣ гуна метавон дар чунин ҳолат худро аз чанги васвосӣ низ наҷот дод.
Филм ба маблағи 55 миллион доллар наворбардорӣ шуд, аммо аз намоишаш танҳо 11,5 миллион доллар ҷамъ овард. Вале он дар фурӯши VHS муваффақ буд ва лозим омад соли 1999 қисми дуввум ва соли 2001 қисми сеюми он истеҳсол шавад. Ин се филм ба ҳам иртиботи сужавӣ надоранд, давоми якдигар нестанд, вале ҳамон мавзӯи амалу ҳаракат дар ҳавопаймо дар шароити турбулетиро пайгирӣ мекунан.
Саранҷом лаҳзаи нишасти садамавии ҳавопаймо тибқи фарзияи WatchMojo ба даҳгонаи беҳтарину ҷолибтарин лаҳзаҳои суқути ҳавопаймо дохил карда шуд.
**** *** ****
“Морҳо дар ҳавопаймо” (2006). Як филми басо пуршӯру шавқест, ки триллер ва мазҳака, мафия ва ҳавопайморо ба ҳам овардааст.
**** *** ****
“Пише: Миёни осмон ва замин” (2010)
Филми коргардони канадиёӣ Силвен Аршамбо дар бораи ҳамватани ӯ, ҳавонавард Робер Пише нақл мекунад. Робер Пише баъди он ки 24-уми августи соли 2001 ҳамроҳ бо халабони дуюм Дирк де Ягер тӯлонитарин ҳолати ҳавопаймои муҳаррикаш азкормондаро анҷом дод ва онро дар фурудгоҳи Лажеши ҷазираҳои Азор солим ба замин нишонд, машҳур шуд. Он замон дар ин ҳавопаймо сесад нафар сафар доштанд.
Ин филм танҳо як филми корномавӣ нест, балки паҳлуҳои муҳими зиндагиномаи халабони машҳурро низ тасвир кардааст. Расонаҳои хабарӣ баъди омӯзиши зиндагиномаи ӯ ошкор карданд, ки ин халабони маъруф аз бастагону дӯстдорони машрубот будаву дар гузашта даст ба ҷиноят ҳам зада будааст.
Соли 2010 ин филм дар Канада аз ҷумлаи сербинандаву сердаромадтарин филмҳо ба ҳисоб рафта буд.
Экипаж» (2012)
Филми Роберт Земекис ва Дензел Вашингтон, ки аслан бо номи Flight (Парвоз) наворбардорӣ шуда буд, вале баъдан вақти намоиш дар прокат номи “Экипаж”-ро гирифт. Филми достонӣ ва маҳсули соли 2012 ИМА аст. Ин филмро баъдан барои саҳнаҳои ғайриҳирфаии он, ки халабонҳоро дар ҳоли нӯшидани машрубот ва истеъмоли маводи мухаддир намоиш медод, зери танқид гирифтанд. Аммо ин филм маъруфияти зиёд пайдо кард. Ба маблағи 31 миллион доллар офарида шуд, вале 162 миллион даромад овард.
Соҳиби ду ҷоизаи Оскар шуд (барои нақши мардона ва сенария).
“Мӯъҷиза дар Гудзон” (2016)
Як филми драмавист, ки аз рӯйдоди 15-уми январи соли 2009 нақл мекунад, лаҳзае, ки халабон-фармондеҳи хатсайри US Airways-1549 Чесли Салленбергер ба қароре омад, ки ҳавопайморо дар оби дарёи Гудзон нишонад. Баъдан ин рӯйдод “Мӯъҷиза дар Гудзон” ном гирифт. Ҳамаи 155 мусофири он зинда монданд, ҳарчанд 83 нафар ҷароҳат бардоштанд ва захми 5 тани онҳо вазнин буд.
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: