Соли 64 милодӣ императори Рум Нерон буд. Дар таърих аз Нерон чун як шоҳи золим ном мебаранд. Вай дӯст медошт тарона хонад ва дӯст медошт одамонро маҷбур кунад, киба садои ӯ ва таронаҳои ӯ гӯш андозанд. Бо дӯстонаш шабонгаҳон ба ғорати амволи мардум машғул буд ва масеҳиёнро шиканҷа мекард. Боре як шаби моҳи июл дар Рум сӯхтор сар зад. Муҳаққиқон баъзан мегӯянд, ки ин як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Аммо худи Нерон кулли масеҳиёни қаламравашро ба ин ҷиноят муттаҳам мекард ва мегуфт, ки чун ӯ ва ҳукуматашро чашми дидан надоранд, шаҳрро оташ задаанд. Аммо сокинон худи ҳокими вақтро гунаҳгор мекарданд, ки шаҳрро сӯзондааст.
Он шаби 19-уми июл, ки шаҳр месӯхту дуди он ба фалак мепечид, Нерон бо чеҳраи хушнудона аз айвони баланд ба шаҳр менигарист ва гӯё аз ин лаззат мебурд. Инро бисёриҳо мушоҳида кардаанд. Чун манбаъҳои хатии он замон ва бахусус нақли ин оташсӯзии азим то замони мо нарасидаанд, дар бораи сабабҳои он зиёд наметавон гуфт. Аммо он ки доманаи ин оташ басо густарда буду муддати 6 рӯз наметавонистанд онро хомӯш кунанд, баёнгари харобкории он буда метавонад. Боди шадид оташро афрӯхтатар мекард ва шаҳрро қариб пурра ба коми худ кашид. Аммо боз ҳам баъди анҷоми ин оташсӯзӣ Нерон бори гуноҳро ба сари масеҳиён зад, онҳоро ба шадидтарин ҷазоҳо гиифтор кард. Ин замоне буд, ки масеҳият чун як дини навпо ва ҷавон ба тозагӣ сар берун мекард ва пайравони зиёд ҳам надошт.