Эълони тасмими тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҷаласаи навбатии РЕАКТ

Роҳбарони созмонҳои байналмилалие, ки дар ҷаласаи Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуд дар ҳолатҳои фавқулодда ширкат доштанд, бар ин назаранд, ки ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳимояи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва қаламрави кишвар аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ тақвият мебахшанд.

2 – уми феврали соли 2017 таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта ҷаласаи навбатии нақшавии Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуд дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд. 

Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ширкат карданд. 

Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои раванди такмили механизмҳо ва меъёрҳои арзёбии зарар ба хонаҳои истиқоматӣ ва дигар амволи шахсони ҷабрдида дар натиҷаи офатҳои табиӣ, татбиқи чораҳо оид ба омодагӣ ба вокуниш ва тарҳҳои вокуниш, муоҳадаи гумрукӣ ва татбиқи он гузошта шуда буданд. Дар ҷараёни суханрониҳо ширкаткунандагон бо вазъи кунунии тадбирҳо барои коҳиши хаӣари офатҳо ошно карда шуданд.    

Сарвари Кумита дар суханронии худ аз ҷумла зикр намуд, ки “ба ҳам овардани нерӯҳо ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳо ба зарардидагон, ҳамаи инҳо бояд шиори мо дар кори муштараки мо боқӣ бимонад”.

Ҳамчунин, Сарвари КҲФ ширкаткунандагонро дар бораи ҳолати вобаста ба лағзиши тарма дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои 28-31-уми январи соли равон дар ҷараён гузошт. 

Роҳбарони созмонҳои байналмилалии ширкаткунанда дар ин ҳамоишӣ бар ин назаранд, ки ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳимояи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва қаламрави кишвар аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ тақвият мебахшанд.

Дар поёни мулоқот ширкаткунандагон нақшаи кории РЕАКТ дар соли 2017-ро баррасӣ ва қабул карданд.