Имрӯз, 18-уми сентябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулодаи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия Куренков Александр ва ҳайатҳои роҳбарии вазорату кумитаҳои дахлдор дар самти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои аъзои ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар марҳила аввали ҷаласа нахуст муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон баромад намуда, меҳмононро ба кишвари азизамон хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки "Мо ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ диққати ҳамаҷониба дода, дар ҳолати доимии омодабош қарор дошта, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта ҷидду ҷаҳд менамоем".
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ изҳор доштанд: "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати самараноки давлатиро дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аз ҳолатҳои фавқулода пайгирона амалӣ менамояд. Бо ин мақсад маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ ва муҳофизатӣ татбиқ гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалӣ барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ фароҳам оварда шудаанд.
Мо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷоиба дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода аҳамияти хоса медиҳем. Баргузории ҷаласа дар шаҳри Душанбе қадами навбатӣ дар роҳи таҳким бахшидани ҳамкориҳои миёни кишварҳои ИДМ мебошад".
Зимни баргузории ҷаласа сарони ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои аъзои ИДМ баромад намуда, масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва ҳамоҳангсозии нақшаҳои огоҳсозии байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир якчанд шартномаҳои байнидавлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ба имзо расонида шуданд.