Раиси итиҳоди собиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Бахтиёр Орипов якҷо бо Раёсати кадрҳои Кумита аз яке қисмҳои ҳарбии КҲФ дидан ба амал овард ва бо сарбозону афсарон ҳамсуҳбат шуд.
Дар ҷараёни мулоқот Сарвари собиқадорони Кумита ба сарбозони ҷавон дар бораи иҷрои қарзи ҳарбӣ, хизмат ба Ватан нақл кард ва иброз дошт, ки ин хизмат як қарзи муқаддас аст, чун дӯст доштани Ватан ин баробар ба дӯст доштани волидони худ аст. Беҳуда нест, ки Ватан-Модар меноманд. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки хизмат ба Ватан ин анъанаи қадим аст ва ҷавонон бояд ин анъанаро пос доранд.
«Мо танҳо бо барқарор намудани иртибот миёни наслҳо, роҳандозии дидору мулоқотҳои тарбиявӣ-ватандӯстӣ метавонем хотираи имрӯзиёнро ба гузашта зинда дорем ва онҳоро дар руҳияи волои меҳанпаратӣ тарбия намоем. Насли ҷавон бояд таърихро донад ва донад, ки суботи имрӯза осон ба даст наёмадааст ва қарзи онҳост, ки ҳамин оромиву суботро дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол нигоҳ доранд”,- зикр намуд ӯ.
Бахтиёр Орипов ба сарбозону афсарони ҷавон муроҷиат кард ва аз онҳо хост ҷасорату мардонагиро дар ҳимояи музаффариятҳои Истиқлолият ба кор баранд ва пайваста дар талоши он бошанд, ки ҳаёти хурраму осудаи мардуми кишварро ягон нерӯи бадандеш вайрон накунад.
Баъди анҷоми мулоқот сафороии ҳарбӣ баргузор шуд ва сарбозону афсарон эҳтироми генерали мустаъфӣ ва сарвари собиқадоронро ба ҷо оварданд.