Дар остонаи солгарди фоҷеаи Шарора ба чунин мазмун дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиате навиштам ва ҳадаф ин буд, ки хотирапораҳо аз он фоҷеа гирдоварӣ шаванд.
Ёрони меҳрубони фейсбукӣ!
Фоҷиъаи Шаророра оё дар ёдҳо ҳаст? Оё ба хотир дорем, дар айни дамидани субҳ Шарораи дар хоби ноз ногаҳ биларзиду зери хок монд? Оё дар ёдамон ҳаст ки аз ин балои табиӣ танҳо як нафар дар ҳаёт монд онро ҳам исм гузоштем ШАРОРА!
Дӯстони азиз! Ин чанд суол замоне дар зеҳнам чархид, ки ба ёдам фоҷеаи ин рустои зебо расид.
Ба наздикӣ, аниқтараш ду ҳафта баъд солгарди фоҷеаи Шарора аст. Заминларзае, ки муҷиби кушта шудани даҳҳо тан ва зери хок мондани як русто шуда буд. Тасмим дорем дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ин рӯйдод ёд кунем.
Ёдам ҳаст, ки фоҷиъаи Шарора рамзи иттиҷоду якмаромии тоқикон шуда буд, тамоми Тоҷикистон бар мусибати Шарора вокуниш кард, алоқадри имкон ёрмандӣ намуд. Аз Тошканд Нишонов ташриф оварда буд, ҳамсояи наздикамон. Марде аз кишвари аврупоӣ омад ва Шарораи кучакро духтар хонду кӯмакҳо кард, борҳо ба ватанаш бурд ва ин Шарора ҳоло худ ба балоғат расидаву соҳиби фарзандон аст.
Ҳамин тариқ аз ҳамаи касоне, ки дидаву шунидае аз ин фоҷеа доранд, хоҳиш мекардем дар ин амри хайр ёрӣ расонанд. Дафтари ёдҳову хотироташонро як бори дигар варақ гардонанд. Аз он рӯз, аз шаҳидони он фоҷеа ёд кунанд.
Шояд касе аз шумо шаҳидеро аз он фоҷеа мешинохт ва ҳоло мехоҳад дар борааш чанд ҳарфе бигӯяд?
Хулоса, бовар дорам гуфтаниҳои зиёде бояд бошанд, ки барои дигарон хондану шунидани онҳо муфид аст.
Бо сипос интизорам!
Инак, бахше аз навиштаҳо дар Фейсбук ҷавобан ба ин хоҳиш:
Обид Шакурзода, донишманди тоҷик, корманди Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон:
Бобоҷони арҷманд, бале, ин мусибати талхи ШАРОРА хуб дар ёдҳо мондааст. Гумонам, ману Шумо дар Телевизион ва Радиёи Тоҷикистон кор мекардем. Дар мусофират дар шаҳри Истравшан будам. Он вақт дар ҷумҳурии мо мавзуъи расмӣ шудани забони модариямон ва гузаштан ба расмулхатти аҷдодӣ хеле доғ буд. Ва зебогии маънавии Истравшан ҳам ҳич гоҳ аз ёдам намеравад; шаҳр аз наҳзати озодӣ меҷӯшид ва аксари лавҳаву навиштори хиёбону бозору растаҳо ҳама ороёфта бо хатти зебои форсӣ буданд. Ҳамин гуна манзараи дилангезро як замоне дар Кобул дида будам ва ин манзара ҳам ба таъбире пайки мубаррои ниёгонро ба муҳити ба бедорирасидаи мо танин меандохт бо ин мазмун -- вуруд ба ҷаҳони аҷдодӣ муборак бод!
Аммо хабари зилзилаи ШАРОРА ҳамаро ларзонд, он ҷо анбуҳи мардум дар дами субҳ зери хок мондаанд, ярч дамидааст! Во ҳасрато! Ба зудӣ ба пойтахт баргаштем. Нашрияҳои хондании он давра «Адабиёт ва санъат», «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият») бо сатрҳои пурсӯзу таслиятҳои пурмеҳр мардумони кишварро ба имдоди Шарораи мусибатзада мехонданд. Ёдам ҳаст навиштаи шоъири ҳиротии мо Беранги Кӯҳдоманӣ хеле муассир буд.
Баъдан ҳар шомгоҳ мардум аз тариқи телевизони кишвар гузоришҳои Аҳмадшоҳи Комилро аз ин нуқтаи доғ интизор мешуданд ва ташнакомона медиданд, ки охирин рӯйдод аз ин макон чӣ бошад. Умедворам, ки акнун рӯзноманигнорони мо Аҳмадшоҳи Комил, Салими Айюбзод, Абдуқодири Рустам, Мирзои Салимпур, Саййидқосим Ҷалол, Суҳроби Зиё, Сайёфи Мизроб ва дигар афроди шоҳиди он мусибат ёддоштҳои хешро ба сайти Шумо ирсол медоранд ва мебинем, ки ШАРОРА дар сафаҳоти матуботи мо чӣ бозтобе дошта будаасту акнун аз ШАРОРА чӣ мондааст.
Бобочон Шафеъ Бале, устоди азиз. Мову Шумо чандин гузориш аз ҷараёни корҳои наҷот доштем. Ёд дорам. Он шабу рӯз фарди бетарафро дидан мумкин набуд. Ҳама дар изтиробу дар такопӯ буданд. Чун баъди зилзилаи харобиовари Ҳоит бори аввал буд, ки заминларза ба Тоҷикистон ин гуна зарари ҷуброннопазир орад.
Шеравлиё Мирзоавлиёев, генерал-майори мустаъфӣ: Он шаб навбаддор будам ҳамчун муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия. Соати чори шаб сардори БДА-и онвақта Мирзоев Абдуваҳҳобро аз хоб хезондам,гуфтам ким-чи хел нороҳатам. Биё, рафта як постҳоро дида бароем. Мувофиқи одат вақте ки постҳоро мегаштам, дар хона ба завҷаам супориш медодам, ки як табақи калон пирашкӣ пазад, то ба навбадорон ва милисаҳои дар постҳо буда тақсим кунам. Абдуваҳҳоб Мирзоев омад ва мо аз хона он табақи пирожкиро гирифта, постҳои марказро дида, ба Шарора роҳсипор шудем. Ман дар пеш менишастам, ногоҳ аз пешамон як сиёҳии калон баромад, ки тарафи мо ҳаракат мекард. Ба Мирзоев гуфтам ин чӣ балоест, Абдуваҳҳоб чизе нагуфта, мошинро қафонокӣ ба суръати тез ронда ва баъдан рост гашта, ба шуъба омадем ва аз ин ҳодиса ба ҳама навбатдорон то ВКД хабар додем. Навбадор дар ВКД муовини Вазир Қаҳҳоров А. буданд. Худи ҳамон шаб ва ҳамон соат Ситод ташкил шуд, ҳама ҳайати шахсии шуъбаи корҳои дохилӣ барои ёрӣ ба зарардидагон сафарбар карда шуданд. Шоҳиди баровардани гаҳвораи Шарора низ ҳастем. Дигараш ба ҳамагон маълум. Худо ин рӯзҳоро дигар набинем.
Бобочон Шафеъ Ташаккур рафиқ генерал. Воқеъан як лаҳзаи шахсан бароям ноошноро нақл кардед. Яъне, Шумо шоҳиди аввалин лағзиши он теппаи хокӣ будаед ва тасаввур мекунам он замон чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифта буд. Аммо мехостам агар хотироти дигаре аз корҳои наҷот дошта бошед, ин ҷо бикоред, то дигарон низ вазъро тавонанд тасаввур кунанд. Чуноне ёд дорам милитсия барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва дода нашудан ба ҳар гуна иғвову дасиса хеле заҳмат ҳам кашида буд.
Шеравлиё Мирзоавлиёев: Бале, бародар ин даҳшат буд. Офати табиӣ сабаби маргии фоҷеавии мардумони ин мавзеъ гашт, ба хоҷагии халқи нохияи Ҳисор зарари хеле ҷиддӣ ворид кард. Ҳамчун муовин дар ин мавзеъи офатзада Шарора, Оқули боло, Оқули поён вазифаи пурмасъсулият- сардори ситоди раъфи офатҳои табиӣ ва пешгирии ҷиноятҳоро ба уҳда гирифтам.
Таҷриба нишон дод, ки бо вуҷуди ин қадар даҳшати бо сари мардум омада нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки шаъну шарафи инсониро аз даст дода, бадбахтии мардумро ба манфияти худ истифода бурданӣ мешаванд. Шабу рӯз бо зердастонам аз мавзеъи зарардидаву миёни мардум дур намерафтам, то ғоратгару дуздӣ ба молу ҷони мардум дастдарозӣ накунанд, то мардуми бехонумонгашта сари вақт бо анвоъи зарурӣ таъмин бошад, то нуктаи сайёри хизматрасонӣ табъи дил амал кунад, то офатзадагон бовар кунанд, ки онҳо дар рӯ ба рӯи ин хисороти ҷонию молӣ танҳо нестанд, пушту паноҳ доранд, ёвару муттако доранд.
Адибаи Азиз, шоира. Шарораи гузаштаҳо... Бидуни тардид бо гузашти даҳсолаҳо ҳам он фоҷеа барои миллати мо тоблуи сиёҳи фаромушнашуданӣ мемонад. Бо меҳрубонии Худованд тифлаке дар гаҳвора зинда монду имрӯзҳо аз тариқи расонаҳо мебинем, ки худ модар аст.
Вале ҳанӯзам бо шустани шишаи чашмон ғуссаи қалби мо аз марги як деҳа, садҳо нафари дар хоб, кам намегардад.Онҳо зери хок монданду ба хоби абад рафтанд. Аммо ёди ишон гиромист.
Маҳдӣ Собир, журналист, таҳлилгари МТС: Он рӯз хаво хунук буд. Нисфи шаб замин ларзид. Аз таъсири он дару девор садо медоданд. Ман, ду фарзандам Дилафрӯз ва Абдуфаттоҳро бардоштаму ба ҳавлӣ баромадам. Худоро шукр ҳама ором гузашт,аммо чанд ҷои девор кафида буд. Вакте ба ҳуҷра даромадам, ба худ андешидам,ки боз деҳае ё маҳалле вайрон шуду мусибате сари миллат омад.
Пагоҳӣ ба кор раҳсипор шудам. Дар истгоҳ ва мусофиркаш ҳама аз даҳшати заминларзаи шаб мегуфтанд.Чун ба коргоҳ расидем, ба кумитаи радио, огоҳ шудем, ки маркази заминларза дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор -деҳаи Шарора будааст. Ман бо Шарора пайвастагии зиёд доштам. Аввал он ҷо хешу дӯстони зиёд доштам. Дувум, ҳамкори азизи мо, марҳум Мирзо Саттор он ҷо ба сар мебурд. Аз ин рӯ мо ба мошини радио, ки ронандааш Сафаралӣ буд, нишаста ба он ҷо раҳсипор гардидем. Вақте ба самти Шарора мерафтем, аз гӯшаву канори шаҳр ба он сӯ мардум мешитофтанд. Роҳҳо баста буданд. Кормандони милиса ва бозрасии давлатӣ ба он ҷо сафарбар шуда буданд.
Мо чанд нафар ба он ҷо расидем. Шукри Худо дӯсти худ Мирзо Сатторро сиҳату саломат ёфтем. Вориди хонаи ӯ гардидем. Аз таъсири заминларза деворҳои ҳуҷраҳои хонаҳояш кафида буданд. Ҷевони хона афтида рӯйи фарш китобҳои зиёде паҳну парешон буданд. Чун аз он ки дӯстамон Мирзо сиҳату саломат буд, ба суроғи дӯстамон Шомаҳмад рафтам. Хонаҳои ӯ фурӯ рафта буданд. Аҳли оилааш миёни ҳавлӣ меистоданд.
Мо, ба Институти зироаткорӣ ва боғкорӣ ворид гардидем. Ҳамаи кормандони онро сиҳату саломат дидем. Сипас, якҷоя ба болотари деҳа рафтем. Он ҷо аз таъсири ларзиши замин куҳ кӯчида, нисфи деҳаро гирифта буд. Анбуҳи одамон бо белу каланд хокро кофта мехостанд нафарони зери хокмондаро бароранд. Аммо ҳамаи ин бенатиҷа буд. Соате пас Муншии аввали Ҳизби Коммунист Каҳҳор Маҳкамов, Раиси Президиуми Шӯрои Олӣ Ғобназар Паллаев, Сарвазир Иззатулло Ҳаёев ба он ҷо омаданд. Амр доданд, ки заминро кобанд ва нишоне аз одамон пайдо намоянд.
Соатҳои 11 аз як хона тифлеро пайдо карданд.Ӯ зери васаю дастакҳои хона зинда монда буд. Ба ӯ Шарора ном ниҳоданд. Баъд аз пешин қозии ҷумҳурӣ ба он ҷо омад. Ӯ дид, ки ҷустуҷӯи мардум бенатиҷа аст. Аввал сураи Мулкро кироат карда, ба ин восита мардумро ором кард. Сипас, изҳор дошт, ки “Эй мардум, ин ҷустуҷӯи Шумо бенатиҷа аст. Болои азизони Шумо ҳазорҳо тонна хок хобидааст. Беҳтараш, ки акнун кофтукобро бас карда, ин теппаи хокро гуристони дастаҷамъӣ эълон кунем. Дини Ислом ҳамин тавр фармудааст. Чанде пеш мардум, ки пешниҳодҳои роҳбарони ҷумҳуриро дар ин бора қабул накарда буданд, ин пешниҳоди Ҳоҷӣ Акбарро кабул карданд. Бо ҳамин мардум аз пайи девор гирифтани ин мавзеъ шуданд. Ва он ҷо пешниҳод шуд, ки ба хотири қурбониёни Шарора ин ҷо як лавҳаи ёдгорӣ монда мешавад. Ва дар муҳлати кутоҳ барои ҳамаи мардум хонаҳои хозиразамон сохта мешавад.
Бо кӯмаки ҷумҳуриҳои бародар дар муддати кутоҳ ба ҳамаи мардум хона сохта дода шуд. Гоҳ-гоҳ ман аз ин ҷо мегзарам ва хотираҳои он рӯз ба ёдам меоянд. Воқеан як даҳшат буд.
Саёҳат Абдукаримова, журналист, Қирғизистон: Ман ҳануз дар мактаби миёна мехондам. Аз телевизиону радио ин хабари маргборро шунида хеле маҳзун шудем. Баъди чанд сол бо амри илоҳӣ ба Тоҷикистон рафтам, донишҷӯ шудам, як дугонаи наздиктаринам Мавҷуда аз Ҳисор буд. Моро ба хонаашон зуд-зуд ба меҳмонӣ мебурданд.
Дар роҳ Шарораро дидам, аз мошин фуромада, зиёрат кардам, аз дидани ин қабристони калони шуҳадо хеле мутаасир шудам, дар ҳаки марҳумон дуо кардам. Хости Худо будаст, кӯхпораеро гӯё бо корд бурида, болои деҳа партофта бошанд, танҳо боми хонаҳо намудор асту бас. Ба ҷуз Худо ягон кас намедонам хотимаи моро .. Худо раҳмат кунад гузаштагонро.
Таҳияи Б.Шафеъ