Ҳушдори Кумита аз вазиши боди шадид дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд
Чоп шуд: 02/01/2018 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/shkval_0.jpg?itok=pRNRIWHJ)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон имрӯз, дуюми январ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши боди шадид дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд.