Имрӯз, 18-уми январ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикитсон мутобиқ ба нақшаи омодасозӣ ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ ҷамъомади якрӯзаи ҷонишинони фармондеҳон қисмҳои низоми КҲФ оид ба корҳои тарбиявӣ баргузор шуд. Ҷамъомад таҳти роҳбарии ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷамшед Маҳмадзода гузашт.
Ҷамшед Маҳмадзода чорабитниро и фтитоҳ кард ва зикр намуд, ки афсарони тарбиятгарро лозим аст на танҳо донишҳои назариявии худро такмил диҳанд, балки малакаҳои амалӣ дар ташкили корҳои тарбиявӣ барои таҳкими фазои ахлоқиву равонии ҳайати шахсӣ дар қисҳои ҳарбӣ дошта бошанд.
Дар ҷараёни ҷамъомади якрӯза ҳамчунин дарси амалӣ низ гузаронида шуд. Ҳамчунин ширкаткунандагон бо ташкили корҳои тарбиявӣ-инфиродӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ ошно карда шуданд.
Зимни суханронии худ сардори Раёсати корҳои тарбиявии КҲФ, полковник Р.Файзов қайд кард, ки маҳз аз дониш, малака, ирода ва садоқати ҷонишинон оид ба корҳои тарбиявӣ ҳолати корҳои таблиғотиву информатсионӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин руҳияву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба савганд вобаста аст.
Қарор аст ин гуна дарсҳо ҳар моҳ гузаронида шаванд.