Дар ноҳияи Шаҳринав 21 деҳа 17 ҳазору 538 нафар аҳолӣ зери хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла, селу обхезӣ ва ярч қарор доранд.
Зимни як суханронӣ Раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин эълон кард, ки соли сипаришуда дар қаламрави ноҳия ду тӯфон ва сел ба қайд гирифта шудааст. Як нафар дар об ғарқ шудаву ба ҳалокат расидааст. Бино ба арзёбии Раиси ноҳия соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ иқтисодиёти ноҳия 3 ҳазору 970 сомонӣ зарар дидааст ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №367 аз 1 августи соли 2006 «Дар бораи таснифоти ҳолатҳои фавқулодда» зарари расида аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷуброн шудааст.
Сарвари ноҳия ҳамчунин мегӯяд ин қаламрав аз хоки кишвар зери таҳдиди хатари офатҳо қарор дошта, нисбат ба сел ва тӯфонҳои шадид осебпазир аст.
Нусратулло Аюбзода ҳамчунин гуфт, ки то соли 2016 дар ноҳия 21 деҳа, 2976 хоҷагӣ бо шумораи 17 ҳазору 538 нафар аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок зери таҳдиди офатҳои табиии селу обхезиҳо ва ярч истиқомат доранд.
Ба андешаи Раиси ноҳияи Шаҳринав таҳдидҳои ҷиддии иқлимӣ ва геологӣ ба аҳолӣ таъсири ҳамешагӣ мерасонанд. Аз ин рў ба заминаи боэътимоди муттаҳиду мустаҳкамӣ барои пешгирӣ, кам намудани оқибати офатҳо зарур аст ҳамеша огоҳу ҳушдор бошанд ва барои сари вақт пешгирӣ намудан аз офатҳо омодагии зарурӣ дошта бошанд.
Сарвари ноҳияи Шаҳринав ҳамаи ташкилоту идораҳо, муассисаву хоҷагиҳоро барои нишон додани фаъолият дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ барои соли 2017 ҷиҳати пешгирӣ, ҳимояи аҳолӣ ва иқтисодиёт аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта вазифадор кард ва гуфт: “Барои коҳиши микдори зарари офатҳо ба муҳити зист ва талафоти моддӣ системаи чорабиниҳои саривақтиро ба роҳ монанд; ба хотири ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аҳолиро барои фаъолият дар ҳолатҳои фавқулодда омода созанд; қувваву воситаҳоро барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳоли омодагии комил нигоҳ доранд, инчунин омўзиши кормандон, аҳолӣ ва сохторҳои ғайринизомиро ташкил намоянд”.
Нусратулло Аюбзода ҳамчунин роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони чамоатҳои шаҳраку деҳотро вазифадор кард, ки номгўй ва навъи техникаҳои дар ихтиёр доштаи худро дар наздиктарин фурсат ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия пешниҳод намоянд.
Роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони чамоатҳои шаҳраку деҳот бояд то 10-уми январи соли равон нақшаи чорабиниҳои асосиро оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ омода ва бо Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия мувофиқа намоянд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав ҳамчунин ҳамаи роҳбарони мудофиаи гражданиро вазифадор кард, ки ҷадвали дарсҳои мудофиаи гражданиро барои соли 2017 тартиб диҳанд ва нусхаи онро барои назорат ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пешниҳод намоянд. Хоҷагии ҷангал ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист бояд бештар аз ҳар вақти дигар дар ҳифзи набототу рустаниҳо, пешгирии бемориҳои эпифитотӣ, ниҳолшинонӣ дар манотиқи хавфноке, ки зери таҳдиди ярч ва эрозияи замин қарор доранд, истифодаи регу санги дохили дарёҳо, ки боиси вайроншавии соҳилҳо ва дигар шудани маҷрои оби онҳо гаштааст назоратро пурзўр намуда, аз иҷрои корҳои ба сомонрасида мунтазам ба Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия ахбор пешниҳод намояд.
Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бояд бештар бо аҳолии минтақаҳои хавфнок ва сокинони рустоҳои назди соҳили каналу дарёҳо мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Нусратулло Аюбзода ҳамчунин гуфт, ки раёсати назорати давлатии бойторӣ ва маркази назорати давлатии сантарию эпидемиологии ноҳияро зарур аст дар самти пешгирии бемориҳои сироятии одамону ҳайвонот (эпидемия ва эпизоотияҳо) боз ҳам назоратро пурзўр намуда, барои муайян намудани манбаи бемориҳои сироятӣ ва безарар гардонидани онҳо фаъолиятро пурзўр намоянд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав кумитаи заминсозии ноҳияро вазифадор кард, ки ҷиҳати пешниҳод ва ҷудо намудани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ҳолати бехатариро ба назар гирад ва тибқи рўйхати пешниҳод намудаи Ситод оид ба минтақаҳои хавфнок харитаи манотиқи осебпазирро омода намуда, ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия пешниҳод намояд.