Ҷасади як ноболиғи дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ғарқшуда дар ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд

Ҷасади як ноболиғе, ки ҳангоми оббозӣ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд, баъди се рӯзи ҷустуҷӯҳои пайваста билохира дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд. Ҷасадро оби пурхӯрӯш дар қаламрави деҳаи Ленинободи ҷамоати деҳоти Худойназар Холматов ба соҳил партов кард ва моҳидорони минтақа ӯро пайдо намуданд.

Тавре қаблан ҳам хабар дода будем, тибқи маълумоти сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ нисфирӯзии 26 июни соли 2020 як ноболиғи 11-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беназоратии волидон ва беэҳтиётии худ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд.

Ду рӯзи аввали ҷустуҷӯ натиҷа надод ва бино ба хабари сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бегоҳии рӯзи 28-уми июн, тахминан соати 18:00 ҷасади марҳумро дар қаламрави деҳаи Ленинобод, ҷамоати деҳоти Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритус моҳидорон пайдо карданд ва ба хешовандонаш супурданд.

Беназорат гузоштани ноболиғон гоҳо фоҷеабор меояд, бахусус дар ин шабу рӯзе, ки ҳама худро ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо, каналу ҳавзҳои оббозӣ ва обанборҳо мезананд. Пас волидон бояд талош кунанд фарзандони худро танҳо ба соҳили обҳо равон накунанд.

ВА ХАБАРҲОИ ДИГАР

Ногуфтаҳо аз ахбори рӯзҳои истироҳат
Ҷустуҷӯи ҷасади навраси 11-сола идома дорад
Наҷоти ҷавонзани 19-солае, ки мехост дар Сир худкушӣ кунад
Марги пиразани танҳо дар Душанбе
Кори шабу хандаи рӯз. Шабона чоҳ меканду зери шағал монд
барчасп: