Хушхабар: Аввалин хона дар маҳалли Чорбоғи ноҳияи Хуросон пурра бомпӯш шуд

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аввалин манзили истиқоматии яке аз зарардидагон дар селҳои ахири ноҳияи Хуросон бомпӯш шуд ва сохтмони хонаҳои дигар басуръаи идома доранд.  То 27 июни соли ҷорӣ аз 67 хонае, ки барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Хуросон дар рустои Чорбоғ бунёд мешавад, корҳои ҷобаҷокунӣ ва ҳамворсозӣ 100%, кандани хандақ 100%, сохтмони таҳкурсӣ 100% ба анҷом расида, девори 56 манзили истиқоматӣ пурра бардошта шудааст.

Дар 26 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз шуда, хонаи №16, ки соҳибмулкаш Бобохонов Сироҷиддин аст, бардоштани бом ва болопӯш ба охир расид.

Бинокорон ҳамрӯза бо суръат ба кори бунёди хонаҳо идома медиҳанд. Аллакай тибқи нақша дару тирезаи хонаҳо харидорӣ шудаанд ва ба муҷарради бомпӯш шудани хонаҳо корҳои андоваи даруну берун оғоз шуда, дару тирезаҳо часпонда мешаванд.


ХАБАРҲОИ ДИГАРРО АЗ ИН ҶО БИХОНЕД:


барчасп: