Ин мақоли халқӣ дар ин рӯйдод сидқ мекунад. Ҷавони 18-солаи ноҳияи Синои пойтахти кишвар нимишабӣ, соати 23:45 дақиқа ҳангоми кандани чоҳи амудӣ зери қуму шағал мондааст.
Ин ҷавон дар ҳоле зери қум монд, ки дар умқи 2 метр саргарми кор буд. Ин хабар фавран ба Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе расид.
Кормандони наҷот ба ҷойи ҳодиса расиданд ва соати 00:35 дақиқа ӯро беосеб аз зери ғарами қуму шағал берун оварданд. Ва ёрии аввалини тиббиро ҳам барояш расонданд.
ХАБАРҲОИ ДИГАРРО АЗ ИН ҶО БИХОНЕД:
- Ногуфтаҳо аз ахбори рӯзҳои истироҳат
- Ҷустуҷӯи ҷасади навраси 11-сола идома дорад
- Наҷоти ҷавонзани 19-солае, ки мехост дар Сир худкушӣ кунад
- Марги пиразани танҳо дар Душанбе