Харобиҳои боди шадид ва партови 9 мушаки зидди жола дар фазои ноҳияҳои Кушониён ва Ёвон

Боди шадид болопӯши хонаи як сокини деҳаи Умараки ноҳияи Дарвозро хароб кардааст. Дар ин бора сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Дарвоз рӯзи 25-уми июн хабар дод. Ин харобӣ талафоти ҷонӣ надошт ва касе ҷароҳат ҳам набардошт.

Тибқи маълумоти сардори Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб рӯзи 24.06.2020, соати 11:40 дақиқа дар деҳаи Чорводори ноҳия шамоли сахт болопӯши Муассисаи таълимии мактаби миёнаи №61-ро пурра хароб намуд.

Айни ҳол, ҷиҳати бартараф намудани оқибати ин ҳодисаи табиӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҷои ҳодиса фаъолият дорад.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 24-уми июни соли равон бо партови 9 мушаки зидди жолаи “Алазан” се минтақаи жолаовар дар ноҳияҳои Ёвон ва Кушониён безарар гардонда шуд.

 

Теги: ахбори рӯз,