Китоби дувуми «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забон ва замон» аз чоп баромад, ки марҳилаи таърихи густариши забони тоҷикиро аз ибтидои асри XII то ибтидои асри XX фаро мегирад. Дар он аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ маълумот оварда шудааст. Китоб бо забони содаву фасеҳ ва сабки илмию оммавӣ таҳия гардида, барои доираи васеи дўстдорони забони ноби тоҷикӣ, таърих ва адабу фарҳанг пешбинӣ гардидааст.
Дра сарсухан мехонем: Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рўзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмўи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугў ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад.
Забон инчунин падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тўли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тўфони рўзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад.
Мо аз рўзҳои авали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардем. Дар баробари ин як қатор санадҳо қабул карда, барои пешрафти он барномаҳои давлатиро роҳандозӣ намудем ва ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҳамасола Рўзи забонро бо шукўҳу шаҳомат таҷлил менамоем ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавиро дар ин айём баргузор мекунем.
Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугўю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рўҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рў ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандўстӣ аз манбарҳои баланд бо ин забон сухан мегўям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дури ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам..
Китоби дуюми “Забони миллат – ҳастии миллат” аз 7 боб иборат буда, масоили густардаи рушду такомули забони тоҷикиро дар фосилаи замонии 8 қарн мавриди таҳлилу пажӯҳиш қарор додааст.
Китобро шумо метавонед аз кулли толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.
Фирўза Маҳмадҷонова