Рӯзҳои истироҳати аввалин моҳи тобистон, ки дамои ҳаво дар пойтахти кишвар боло рафт, дар кулли истироҳатгоҳҳои соҳилиобӣ одамони зиёд барои истироҳату фароғат омаданд. Мавсими гарм кори наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанберо ҳам зиёд мекунад. Онҳоро лозим меояд дар фароғатгоҳҳои муҳиму серодам навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кунанд ва ҳамеша омодаи кумак ба мардум бошанд. Ин кори ҳамасола аст. Вале имсол он вижагиҳои худро дорад. Наҷотдиҳандагон илова ба назорати соҳилҳо боз бояд қоидаҳои бехатарӣ аз сирояти вируси коронаро ҳам назорат кунанд. То ин ки истироҳаткунандагон бениқоб набошанд, фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд. Зеро риоя нашудани ин талабот сабабгори густариши сирояти вирус ва афзудани сафи беморон мешавад.
Ба ҳамин хотир дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати тайёрӣ ба мавсими оббозии соли 2020 рӯзи 20 июни соли 2020 афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаю бахшҳои ноҳиявии Раёсат, дар якҷоягӣ бо намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар соҳилҳои дарёҳо, каналҳо ва кўлҳо, ки аз ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе мегузаранд, корҳои таблиғотии таъмини ҳолати бехатарии шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ (шиноварӣ) ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозиро роҳандозӣ карданд.
Аз ҷумла соҳилҳои дарёҳои Душанбе, Варзоб, Лучоб, канали калони Ҳисор, канали «Дереватсионии Варзоб», канали «Шохаи Душанбе» маконҳое буданд, ки муӣаллиғон миёни мардуми истироҳаткунанда гаштугузор карданд ва ба онҳо қоидаҳои бехатарӣ дар соҳили обҳо ва риояи қоидаҳои амният аз коронавирусро фаҳмониданд.
Инчунин аз ҷониби гўруҳи корӣ дар мавзеъҳое, ки оббозӣ кардан қатъиян манъ аст, лавҳаҳо насб карда шуда, ба шахсоне, ки дар соҳилҳои дарёҳо, каналҳо ва кўлҳо ба истироҳату оббозӣ машғул буданд аз ҷониби гурўҳи корӣ китобчаҳо (буклетҳо) тақсим карда шуд.
Р. Неъматзод, сардори Раёсат, полковник