Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон чанд лаҳза пешт мубталоён ба коронавирус дар кишварро 5399 нафар эълон кар. Дар хабари вазорат аз ҷумла омадааст, ки то имрӯз, 20 июни соли равон дар мамлакат 116 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 64 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Ҳамзамон, то соати 18:00 дақиқаи 20 июн дар кишвар 5399 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3894 (72.1%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.
Дар хабари дигар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз идома табодули таҷриба миёни табибони тоҷик ва лаҳистонӣ хабар додааст. Манбаъ мегӯяд табибони Лаҳистон ҳоло дар вилоят Суғд қарор доранд.
Дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки табибони кишвари Лаҳистон ва мутахассисони беморхонаи мазкур тренинг оид ба муайян намудани бемории COVID-19 бо истифода аз УЗИ доир шуд.
Дар рафти тренинг табибони Лаҳистон ва табибони Беморхонаи мазкур роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро баррасӣ намуданд.
Бино ба навиштаи манбаъ табибони Лаҳистон дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд низ бо табибони беморхонаи мазкур вохурӣ намуда, доир ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ табодули таҷриба намуданд.