Ҳамасола кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳи фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарӣ дар махзанҳои об дар ҷумҳуриро таъмин мекунанд. Назорати ҳамарӯза як низоми корист ва ҳадаф аз он коҳиши теъдоди ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои обӣ ва марги одамон дар обҳо мебошад. Наҷотдиҳандагон маъмулан дар фасли гармо дар аксар махзанҳои оби кишвар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил мекунанд.
Чунончӣ, наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар ВМКБ бо роҳандозии чанд ин рейд дар порки “Чорбоғ”-и шаҳри Хоруғ бо истироҳаткунандагон ҳамсуҳбат шуданд ва ба онҳо дар мавриди қоидаҳои будубош дар соҳили обу обанборҳо, каналу дарёҳо нақл карданд.
Ба онҳо ёдрас намуданд, ки бисёр вақт наврасон бе волидон ва пайвандони калонсолашон дар ин гуна соҳилҳо гаштугузор мекунанд ва бе огоҳии калонсолон вориди об мешаванд.
Аз сӯйи дигар ҳодисаҳое ҳам ба қайд гирифта шудаанд, ки калонсолон дар ҳоли сархӯшиву мастӣ аз шароб ба соҳили обҳо ҳозир мешаванд ва дар натиҷа наврасону кӯдаконро ба ҳоли худ мегузоранд. Ва ё худ вориди об шуда, ба ҷони хеш хатар эҷод мекунанд.
Кормандони наҷоти Кумита дар ҳар гӯша аз хоки кишвар миёни мардум ҳамин гуна таблиғот мебаранд ва онҳоро аз ҳодисаҳои нохӯши эҳтимолӣ ҳушдор медиҳанд.