Як сокини 17-солаи ноҳияи Деваштич аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст

Як сокини 17-солаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар об ғарқ шуд. Барои пайдо кардани ҷасади марҳум кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Деваштич ҷалб шуданд ва баъди ҷустуҷӯҳои бештар аз чаҳорсоата билохира ҷасад пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.

Сабаби марги ҷавони 17-сола оббозӣ дар ҷойе буд, ки таҷҳизонида нашуда буд ва барои шиноварӣ муносиб набуд. Аз сӯйи дигар ӯ наметавонист шиноварӣ кунад. Волидон ҳам гунаҳгоранд, ки аз беэҳтиётӣ ӯро танҳо ба соҳил равон кардаанд ва аз беназоратӣ худро дар об андохтаву ғарқ шудааст. 

Аз аввали соли равон то кунун дар махзанҳои оби ҷумҳури 28 нафар ғарқ шудаанд, ки 9 нафари онҳо наврасони то 16-сола мебошанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз авҷи коронавирус аз таърихи 15-уми июн мавсими оббозиву шиноварӣ дар саросари кишвар расман оғоз гардид. То ин замон маъмурияти ҳамаи истироҳангоҳҳи наздисоҳилӣ барои истиқболи истироҳаткунандагон омодагӣ диданд, соҳилҳо бо ҳама ашёву таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз қабл омодагии ин тафреҳгоҳҳоро ба қабули истироҳаткнандагон санҷида буданд. 

Ба огоҳиҳои пайвастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ва манъи оббозӣ дар ҷойҳои ғайримуҷаҳҳаз нигоҳ накарда, одамон ҳамоно беэҳтиётӣ мекунанд ва ҷони худро дар хатар меандозанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад: дар бораи амнияту бехатарии худ бияндешед! Қоидаҳои шиновариро риоя кунед ва агар оббозӣ наметавонед, пас хуб аст, ки вориди об нашавед!

барчасп: