Дар бораи бехатарӣ ва риояи одитарин қоидаҳои беҳдошт мо борҳо дар сомонаи худ навиштаем ва пайванди онҳоро ҳам дар поёни ин матлаб меорем. Вале ҳар боре агар мехоҳем чизе дар ин бора бигӯем, боз ҳам мебинем, ки такрор муҳим аст, то одамон бештар ҳушёр бошанд ва саломтии худро ҳифз кунанд. Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки пӯшидани ниқоб дар кӯчаву бозор, ҷойи кор, мағозаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ як шарти басо муҳими ҳифзи саломатӣ аз COVID – 2019 мебошад.
Бастани ниқоб ҳам қоидаҳои худро дорад ва бояд инро ҳар кас бидонад:
- вақте шумо аъзои хонаводаи худро, ки нишонаҳои коронавирус ё ҳар бемории сироятии дигар доранд, нигоҳубин мекунед, ҳатман ниқоб пӯшед;
- агар шумо беморед ва ё нишонаҳои ин ё он бемории сироятиро эҳсос мекунед, вақте наздик шудан ба одамони дигар ҳатман ниқоб дошта бошед;
- агар шумо нишнаҳои бемориро ҳисс мекунед ва тасмим гирифтед ба назди духтур равед, пеш аз ҳама ниқоб бипӯшед, то атрофиёнро аз хатари сироят ҳифз намоед;
- ҳангоме ки миёни одамонед, ҳатман аз ниқоб истифода кунед;
- ниқобро як бор истифода намоед ва истифодаи такрорӣ номумкин аст. Ниқобро дар ҳар 2-3 соат иваз намоед;
- баъди истифодаи ниқоб онро партоед ва дастонатонро бо собун бишӯед;
- ниқоб бояд рӯй, бинӣ, даҳон ва манҳро бипӯшонад;
- агар ҷойе аз ниқобатон қат шуда бошад, онро ислоҳ кунед;
-баъди истифода ниқобро ба партовгоҳ партоед;
-баъди расидан ба ниқоб дастонатонро бо собун бишӯед;
- истифодаи такрории ниқоб мумкин нест;
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдовар мешавад, ки истифодаи дурусту қоидавии ниқоб гарави аслии коҳиши хатари сироят нашудан ба коронавирус мебошад.
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: