Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 5-уми июни соли 2020 тахминан соати 18:00 дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар ҷамоати деҳоти Ҷиликул, деҳаи Бадахшон 3 адад симчӯби барқии 220 клв ва дар ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Москва 12 симчӯби ҳаҷмаш хурдтар, ки барои чароғакҳои роҳи оҳан қувваи барқ медод, чаппа шудааст.
Аз кор мондани симчӯбҳо сабаби муваққатан қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии деҳаҳои номбурда шуд. Дар айни замон дар ин ҷамоатҳо аз тарафи хадамоти энергетикии ноҳия ва вилоят корҳои барқароркунӣ идома дорад ва қарор аст дар наздиктарин фурсад ҳолати ба амаломада пурра бартараф ва интиқоли қувваи барқ аз сар гирифта шавад.
Поккориҳо зиди коронавирус
Шаҳри Душанбе:
Рўзи 5-уми июни соли равон гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, иборат аз 15 нафар бо 3 адад автомашина, 10 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3 адад дорупошаки муҳаррикдор ва 1 адад дорупошаки аккумуляторӣ ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.
Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятӣ, гурӯҳи безараргардонии Раёсати шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳои Мирзобек, Гулистон ва як қисмати маҳаллаи Сабзикори ноҳияи Шоҳмансур бо истифода аз маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузарониданд.
Дар маҷмӯъ рӯзи гузашта барои безараргардонӣ дар маҳаллаҳои зикршуда 7000 литр маҳлули гипохлориди натрий истифода карда шуд.
Вилояти Суғд
Рӯзи 5-уми июн бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, Бахши Кумита дар шаҳри Хуҷанд ва водии Зарафшон бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд 96 даромадгоҳи хонаҳои истиқоматӣ дар микроноҳияҳои 34, 19 бо маҳлулҳои гипохлориди натрий безарар гардонида шуд.
Дар деҳаҳои Сангистон, Зосун, Томин , Путхини ноҳияи Айнӣ 5 мактаб, 31 мағоза, 3 бунгоҳи тиббӣ, 260 хоҷагӣ, 4150 метр роҳи мошингарду пиёдарав, бештар аз 10 клубу чойхонаву масҷид, қассобхона ва ғайра поккорӣ шуданд.
Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Айнӣ рӯзи гузашта дар масоҳати 5450 м2 корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд.