Карантин, фосилагузории иҷтимоӣ, кор аз хона, рафтан ба супермаркету бозорҳо бо ниқоб ва ғайра аллакай зиндагии маъмулии шаҳрвандонро тағйир дод, низоми пешин такон хӯрд, ба ҷойи он як низоми дар оғоз бароямон куллан ноошно, вале ба назар муваққат ҳоким шуд. ВВС дар як гузориши хеле муфассал назари коршиносону таҳлилгарон, ҷомашиносон ва табибони маъруфро гирдоварӣ кардааст, ки бахше аз онро ин ҷо меоварем.
Панҷ марҳилаи локдаун
Аввал дар бораи истилоҳ. ЛОКДАУН - лафзи инглисии Lockdown буда, ба маънои дастури хонашинӣ омадааст. Истилоҳ то кунун ба тоҷикӣ баргардон нашудааст, аммо Донишномаи озоди форсӣ ин гуна шарҳ додааст: “Ин як ҳолати изтирорӣ аст, ки аз афрод хоста мешавад дар ҳамон ҷойе, ки ҳастанд, боқӣ бимонанд ва озодона аз манзил хориҷ нашаванд. Ин дархост маъмулан барои муҳифизат аз ҷони худи шахс ва ва ё дигарон содир мешавад”. Дар мавриди имрӯз ин карантинест, ки мо дар шакли содатар ва кишварҳое, ки аз вируси короно заҷри зиёд диданд, дар шакли пурра аз сар мегузаронем. Карантини худро мо карантини нарм номидем.
Инак, шарҳи мавзӯъ: Сарвари Анҷумани равоншиносони Австралия Мария Коллинз дар як мақола панҷ марҳилаи асосиеро ном бурдааст, ки одамон дар карантин ва ё ҳолати худинзивоъ аз сар мегузаронанд. Ин тартиб то ҳадде аз марҳилаҳои анъанавие, ки соли 1969 доктор Элизабет Кюлер – Росс нишон дода буд, фарқ мекунад. Дар дастури Кюлер-Росс ин панҷ марҳила чунин буд: “рад кардан, ғазаб, тиҷорат, рӯҳафтодагӣ ва қабул”.
Аммо ба андешаи Коллинз марҳилаҳои инзивоъи коронавирусӣ инҳоянд: “нобоварӣ, (рад кардан), ғазаб, андӯҳ, қабул ва умед”.
Дар марҳилаи аввали карантин, ки аз моҳи март шурӯъ шуд, мо қабул надоштем, ки ҷиддан ва фавран одатҳои худро дигар кунем ва ҳаёти худро бо сабабе, ки бароямон ноаён аст, маҳдуд созем.
Нобоварӣ ба ғазаб табдил мешавад. Мо аз он дар хашм мешавем, ки тарзи ҳаёти маъмулиамон аллакай хароб шудааст ва ҳатто имконе надорем чорае андшем. Ин марҳиларо одамон гузаштанд ва ҳоло, ки дар ин бора мехонем, ҳар кадоми мо медонем, ки ин чӣ маъно дорад. х эффектов от
Марҳилаи сеюмро андӯҳ номиданд. Ҳар касе замони карантин аз тиреза ба берун менигарист ва кӯчаҳои холӣ аз одамон ба чашм мерасиданд, мағозаҳои ба муҳлатҳои номаълум бастаро медид, ба маънои ин истилоҳ сарфаҳм меравад. Мо ҳамагӣ имрӯз ҳам мебинем, ки бо вуҷуди он ки карантини мо нарм аст, вале на ҳама бозору мағозаҳоямон бозанд, на ҳама тафреҳгоҳҳо аз маҳдудиятҳо озоданд.
Ҳоло аксари мо дар марҳилаи қабул ё пазириш аз рӯйи ҷадвали Мария Коллинз қарор дорем. Ва акнун маҳдудиятҳои карантин, одатҳои нави замони коронавирус бароямон маъмулӣ шуданд. Мо ҳатман баъди бозгашт аз мағоза дасту рӯй мешӯем, ҳатман маводҳои антисептикӣ истифода мекунем ва ё агар ба супермаркет меравем, медонем, ки дами дар моро бо маводи антисептикиву баъзан бо ҳароратсанҷ истиқбол мегиранд. “Мо ҳоло дигар инро пазируфтем, бароямон ин одати мъмулӣ шуд, ки бачаҳоямонро дар хона дарс омӯзем, аз хона кор кунем. Оқибати аз кор ихроҷ шуданро медонем ва ҳоло мунтазирем, ки ҳукуматамон чӣ гуна моро дастгирӣ мекунад”, - менависад ӯ.
Аммо марҳилаи панҷум, яъне хушбинӣ аз лағви баъзе маҳдудиятҳо дар карантин шурӯъ мешавад. “Дар ин марҳила системаи асаб ба ҳолати маъмулӣ бармегардад, одамон бештар ба оянда бовар мекунанд, маҳсулнокии меҳнаташон бештар мешавад, тафаккурашон назар ба марҳилаҳои аввал хубтар фаъол мешавад”,- мегӯяд Коллинз.
Вале донишмандон мегӯянд ҳоло хеле барвақт аст, ки локдаун ё худ дастури хонашинӣ аз тафаккури мо дур шавад, паёмадҳои буҳрон солҳо эҳсос хоҳанд шуд ва ин ба рафтори ҳамарӯзӣ ва ҳатто ба одатҳои мо бетаъсир намемонад ...
Таҳияи Б.Шафеъ