Гарчанде тафреҳгоҳҳо ва иншооти хизматрасонии маишии назди соҳилӣ расман ба кор шўрўъ накардаанд, аммо табиист, ки оғози гармо ҳамагонро ба соҳили махзанҳои об мебарад. Тобистон, фасли гарми сол ва замони рухсатиҳои меҳнатиро аксари одамон мехоҳанд дар лаби наҳру каналу обанборҳо гузаронанд. Ҳоло агар биме аз сироят ба короновирус дар миён ҳаст, вале бо гузашти боз чанд муддат тадриҷан ин тарс ҳам фурӯ менишинад ва наметавонад монеъи истироҳати ҳамагонӣ дар тафреҳгоҳҳо шавад.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурӯҳи корӣ созмон дод ин гурӯҳ охири моҳи гузашта омодагии ин тафреҳгоҳҳо ва иншооти хизматрасониро ба тобистони гарм ва мавсими оббозиву шиноварӣ дар соҳили дарёи Сир ва Баҳри Тоҷик, инчунин иншоотҳои истироҳатӣ-фароғатӣ ва солимгардонии дорои ҳавзҳои сунъӣ, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Б. Ғафуров, Конибодом ва Исфара қарор дорад, мавриди санҷиш қарор дод. Ҳамзамон як силсила корҳои таблиғотиро ҳам роҳандозӣ кард.
Зимни азназаргузаронӣ маълум гардид, ки дар мавзеъҳои мазкур корҳои таъмирӣ ва тайёр намудани иншоотҳои истироҳатӣ ба қабули истироҳаткунандагон бо суръат идома ёфта, вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 айни ҳол қабули истироҳаткунандагон муваққатан қатъ карда шудааст.
Дар рафти вохўрӣ бо шахсони масъули мавзеъҳои мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини бехатарии истироҳаткунандагон корҳои таблиғотӣ гузаронида шуда, огоҳиномаҳои Раёсати вилоят дастрас гардонида шуд, ки аз ҷониби шахсони масъул то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ фароҳам оварда шаванд.
Ҳамзамон дар рафти корҳои таблиғотӣ доир ба ташкил намудани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 сўҳбатҳо гузаронида шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2019 дар қаламрави вилояти Суғд 94 ҳодисаи дар об ғарқ шудани одамон ба қайд гирифта шуд, ки ин 45% ғарқшудагон дар ҷумҳурӣ мебошад. 46 нафар бар асари фаъолияти фаврии дастаҳои наҷот аз марг наҷот дода шуданд. Ва 48 нафари дигар ғарқ шуданд. Ҷасади 46 тан пайдо ва ба соҳибонашон супурда шуд, вале ҷасади ду нафар то кунун пайдо нашудааст
Аксари ҳодисаҳои нохӯш дар обҳои вилоят дар натиҷаи беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд. Аз ин рӯ, гурӯҳи таблиғотии Раёсати вилоят дар мавсими оббозӣ пайваста миёни истироҳаткунандагон корҳои ташфиқотӣ мебаранд ва ба онҳо дар бораи қоидаҳои оббозӣ ва эҳтиёт дар обро меомӯзанд. Ҳамчунин дастаҳои наҷот дар махзанҳои об навбатдории шабонарӯзӣ ташкил менамоянд.
Шаҳзода Бутаева