Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд илова ба кумакҳои ғайриғизоӣ, ки то кунун ба осебдидагони ноҳияи Хуросон тақсим шудааст, боз тасмим гирифтааст ба 72 оилае, ки хонаҳои худро дар ин ҳодисаи табиӣ пурра аз даст доданд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) ёрии яквақта расонад.
Рӯзи 02 июни соли 2020 ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 260 хоҷагии аз офатҳои табиӣ зарардидаи деҳаҳои Н.Асадулло ва 18-ум анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон маводҳои ғайрихӯрока тақсим намуд. Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ширкати Раиси Ҳукумати Хатлон, намояндагони ваколатдори Кумитаи ҳолатҳои авқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.
Созмони Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар сомонаи худ дар бораи кӯмакҳо ба осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ дар кишвар гузориши муфассале интишор дод. Ин созмон мегӯяд рӯзҳои 14-15 майи соли 2020 ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои кишвар зарар расонид. Аз ин офати табиӣ асосан 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шаҳри Ваҳдат осеби зиёд диданд. Бо назардошти вазъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар лоиҳаи Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF) тасдиқ гардид ва маблағҳои ҷудогардида аз ин Бунёд ва қисман аз захираҳои дохилии ҶҲАТ барои дастрас намудани маводҳои ғайрихӯрока ба 338 оилаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаҳои осебдидаи шаҳри Ваҳдат пешбинӣ гаштанд.
Ин кӯмакҳо аз 344 бастаҳои маводҳои ғайри хӯрокворӣ, бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, сатили пластикӣ, рӯйпуши пластикӣ, 344 бастаҳои абзори ошхона, аз ҷумла, кафлез, обгардон, косаи калон, косаи хурд, қошуқ, чангак, дӯлча, ҷом ва 344 бастаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла сачоқ, собун, хамираи дандоншӯӣ, чӯткаи дандоншӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводҳои беҳдошти шахсии занона, уребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, қоғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд.
Дар доираи кӯмакҳои мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кӯмак расонида мешавад.
Рӯзи 2 июни соли 2020, дар марҳилаи аввали тақсимоти кӯмаки мазкур ба 260 оилаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводҳои ғайрихӯрока дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаҳои ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 72 оилаҳои осебдидае, ки манзилҳояшон пурра зарар дидаанд, дастрас намудани кӯмакпулии яквақтина ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) пешбинӣ карда шудааст.
Санаи 2 июни соли 2020, ҶҲАТ инчунин ба 6 оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи кӯчаи Ғалабаи маркази шаҳри Ваҳдат маводҳои ғайрихӯрока дастрас намуд, ки дар рафти тақсимоти он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки фаъолияти худро пайваста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша вобаста ба дастгирии табақаи ниёзмандон саҳмгузор бошад.
Манбаъ зикр кардааст, ки Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии молӣ ба зарардидагони ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон ташкил шудааст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз калонтарин ташкилотҳои башардӯстӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1927 ташкил ёфтааст. ҶҲАТ дар саросари кишвар фаъолияти башардӯстонаи худро тавассути 69 (шасту нӯҳ) бахшҳои худ дар сатҳи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоят бо назардошти дафтари асосии худ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шабакаи бузурги волонтёрони худ ҷиҳати расонидани кӯмак ба ниёзмандон пеш мебарад. Ҷамъият дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ҷустуҷӯи афроди бедаракшуда, аёдати пиронсолони яккаву танҳо, иттилонокии аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, росонидани ёрии аввали тиббӣ нақши калидӣ бозида, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.
Ҳачунин бино ба иттилои ҳамкорамон Муродҷон Муйдинов Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Хуросон канали Хоҷақалъаро аз лой тоза кард, барои пикети №659 дар маҷмуъ 38 дона қубур дар ҳаҷми 266 метр аз мавзеи Лойқасойи ноҳияи Ёвон оварда шуд. Дар айни замон дар масофаи 203 метр қубури обгузар хобонда шудааст.