Мубориза зидди коронавирус ҳамвора идома дорад. Духтурони қаҳрамон дар бемористонҳо ҷонбаркафанд, то ҳаёти гирифторон аз марг наҷот дода шавад. Ниҳодҳои дигар бо истифода аз ҳама воситаҳои имконпазир кӯчаву хиёбонҳо, идораву муассисаҳо, боғу гулгаштҳо, даромадгоҳи манзили истиқоматии шаҳрвандон, мошинҳо, роҳҳоро поккорӣ мекунад. Ҳамарӯза даҳҳо тона маҳлулҳои поксозанда барои корҳои беҳдоштӣ истифода мешавад. Ҳукумати мамлакатт ҳама корро мекунад, то хавфу хатари сироят ба ин вируси малъун коҳиш ёбад. Омори ахири Вазорати тандурустӣ низ баёнгари он аст, ки ин чораву тадбирҳо корсозанд ва мебояд идома дод.
Дар сафи ниҳодҳои масъул ба корҳои беҳдоштӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарор дорад ва кормндону мутахассисони он аз нахустин рӯзҳои пайдоиши ин вирус тибқи як барномаи мушаххас ба корҳои поксозии муҳити атроф ва таблиғоти беҳдоштӣ даст задаанд ва имрӯз ҳам ин корҳоро ҳамвора дар ҳама манотиқи кишвар идома медиҳанд.
Дирӯз дар шаҳри Душанбе:
Ҳамкоронамон аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дирӯз, 2-уми июн гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, иборат аз 15 нафар бо 3 адад автомашина, 10 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3 адад дорупошаки муҳаррикдор ва 1 адад дорупошаки аккумулятор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.
Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятӣ, гурӯҳи безараргардонии Раёсати шаҳри Душанбе дар кӯчаи Адҳамов хонаҳои № 5, 3, 1, 1а, кӯчаи Айнӣ хонаҳои № 34/1, 34/2, 34/3, 2, 32/1, 32/2, кӯчаи Рӯдакӣ хонаҳои № 10/1, 42, 5а, 3, 1/31 ва кӯчаи Назаршоев хонаи № 86, даромадгоҳҳо ва зинапояҳои биноҳои зикргардидаро бо 3000 литр маҳлули гипохлориди натрий ва инчунин шабона бо ҷалби 3 нафар ҳайати шахсӣ ва 2 адад техника дар кӯчаи С.Айнӣ аз назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ то даромадгоҳи шаҳри Душанбе (километри 9-ум) дар ҳаҷми 10000 литр маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузарониданд.
Дар маҷмӯъ рӯзи гузашта барои безараргардонӣ дар кӯчаҳои зикршуда 13000 литр маҳлули гипохлориди натрий истифода шуд.
Дирӯз дар вилояти Суғд:
Бино ба гузориши ҳамкорамон Шоҳзода Бутаева рӯзи 02 июни соли 2020 бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, Бахши Кумита дар шаҳри Хуҷанд ва водии Зарафшон бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла:
дар шаҳри Хуҷанд:
- 96 даромадгоҳи 12 бинои истиқоматии аз 4 то 6 ошёна дар минтақаҳои 18, 20 шаҳри Хуҷанд ба масоҳати умумии 11040 м2 корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.
ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Фондарё:
- дар деҳаи Канте 248 хоҷагӣ, 2 масҷиди маҳаллӣ, 1 маркази саломатии деҳа, 1 бинои ҷамоати деҳоти Фондарё;
ҷамоати шаҳраки Зарафшон 2:
- 2 хобгоҳи литсей, 1 бинои корхонаи шахтаи Фони-Яғноб, 1 бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии иборат аз ду ошёна, 25 биноҳои дуошёна иборат аз 50 даромадгоҳ ва 2 мағоза;
ҷамоати шаҳраки Зарафшон 1
- 9 бинои 4 - ошёна иборат аз 32 даромадгоҳ, 1 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 мағоза, 2 дорухона, 1 НФС, бинои беморхонаи минтақавии ҷамоати шаҳраки Зарафшон1, 1 бинои ҷамоати деҳоти Зарафшон ба пуррагӣ безарар гардонида шуд.
Корҳои безараргардонӣ ва поксозӣ имрӯз ҳам идома доранд.