Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 30-уми майи соли 2020 тахминан соати 19:30 дақиқа бар асари борони зиёд дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об дар километри 202 шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош сел омад ва роҳ муваққатан баста шуд. Паҳноии сел 35-40 метр ва баландии об тахминан 60-70 смро ташкил дод.
Фавран ба ҷойи ҳодиса кормандони бахши ноҳиявии КҲФ, масъулини дахлдори ҷамоати мазкур расиданд ва бо ҷалби техникаҳои муҳандисии Хадамоти нақлиёт ва роҳи ноҳия, 1 адад борбардори фронталӣ, 1 адад автогрейдер ва 1 адад экскаватор корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиро оғоз карданд.
Соати 00:20 дақиқа шоҳроҳ пурра кушода шуда, ҳаракати ҳамагуна нақлиёт таъмин карда шуд.
Рӯзи 31- уми майи соли равон тахминан соати 17:28 дақиқа, бар асари боридани борони пуршиддат дар пойтахти кишвар дар кӯчаи Навободи ноҳияи Сино, оби борон ба саҳни ҳавлиҳои истиқоматии 3 (се) хоҷагии кӯчаи мазкур даромадааст.
Ин ҳолат аз тарафи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба истифода аз таҷҳизотҳои обкаш бартараф карда шуд.
Ҳамин рӯз ва тақрибан дар ҳамин соат аз боди шадиду борони пуршиддат дар кӯчаҳои Абдулло Наҷмиддин, Тӯҳфа Фозилова болопӯши хонаҳои истиқоматии 2 (ду) хоҷагии ин кӯчаҳо қисман зарар дидаанд.
Мутахасисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар якҷоягӣ бо Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби 1 адад техникаи боркаш ин ҳолатро бартараф карданд.
Талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзҳои 30-31уми май бо партоби 51 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” ба 19 минтақаи аз жола осебпазирир ноҳияҳои Данғара, Хуросон ва Ҳисор хавфи боридани жолаи харобкор дар ин минтақаҳоро бартараф сохт.