Аз 15 то 19-уми ноябри соли равон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои саҳроии “Амали мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании ноҳия” ширкат мекунанд.
Ин тамринҳо тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2016 дар қаламрави ноҳияи Варзоб мегузаранд.
Дар ҷараёни ин омӯзишҳо масъалаҳои омолдгии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, неруҳо ва воситаҳо тамрин мешаванд.
Ҳамзамон дараҷаи омодагии аҳолӣ ба ҳимоя аз фуруд омадани тарма, заминларза машқ карда мешаванд, ҳамчунин омодагии неруҳо ва воситаҳои мақомоти идории ноҳия ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ дар давраи зимистон арзёбӣ мегарданд.
Чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба таври ҳамешагӣ, бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои офатҳои табиӣ гузаронида мешаванд.