Вируси короно, ки дар минтақае аз Чин пайдо шуд, ҳоло ҷони даҳҳо ҳазор нафарро дар хатар гузоштааст. Шумори фавтидагон ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Ҷуғрофияи густариши он торафт васеъ мешавад ва тибқи хабарҳои охир онро дар 35 кишвари олам ошкор кардаанд. Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳоли баррасии ҷиддии ин мавзуъ ҳастанд, ки оё бемории нав таҳдиди азим ба оламиён аст ва ё метавон онро дар муддати кутоҳ аз миён бурд. Ҳоло теъдоди азими сироятёфтагон ва фавтидагон дар Чинанд. Вале агар таваҷҷуҳи хос зоҳир нашавад, он метавонад як эпидемияи хатарноке шавад, ки оламиёнро таҳдид кунад.
Теъдоди зиёди мубталоёни ин беморӣ дар озмоишгоҳҳои Чин ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мавриди ташхис қарор гирифтаанд ва олимон ба хулосаи омадаанд, ки ин вирус низ ба хонаводаи вирусҳои “короно” мансуб аст. То кунун олам аз шаш намуди вируси короно огоҳ буд ва ин ҳафтумин вирусест, ки густариш пайдо крадааст
Фарқияти вирус ази нав аз собиқаҳо дар чист?
Дар гузоришҳои матбуотӣ ва расонаҳои хабарии электронӣ талошҳое барои посух ба ин суол дида мешавад. Вале ҳамаи ин посухҳо ҳоло ҳам илмӣ нестанд ва бар пояи фарзияҳои илмии исботнашуда устувор шудаанд. Олимон миёни вируси нав ва SARS шабоҳатҳоеро мушоҳида кардаанд. Аввалан ҳарду вирус аз як оилаи вирусҳоянд, ҳамон вирусе, ки муҷиби густариши SARS шуда буд. Ин ду вирус аз ҳам бо 20% фарқиятҳо тафовут доранд. Ҳарду вирус ҳам аз Чин сар берун овардаанд ва монандии дигар он аст, ки вирус чун гунаҳои пешина хеле босуръат густариш меёбад ва торафт майдони густариши худ ва ҷуғрофиёи онро васеъ мекунад.
Дар гузашта ҳукуматдорони Чин талош карда буданд, ки пеш аз он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷеҳи SARS шавад, худ роҳи муолиҷаи онро пайдо кунанд. Ин иқдоми иштибоҳӣ буд. Аз ин рӯ, дар мавриди вируси нав онҳо аввал созмони ҷаҳонии тандурустиро дар ҷараён гузоштанд ва ба ҷаҳониён аз густариши як бемории нав хабар доданд. Онҳо ҳамчунин мустақилона ба омӯзиши он дар бузургтарин озмоишгоҳҳои худ пардохтанд, ҳар маълумотеро, ки пайдо шуд, расонаӣ карданд. Дигар талошҳо ҷаҳонӣ шуд ва шояд роҳи муолиҷаи он ба осонӣ пайдо шавад.
Ин муқаддимае буд ба чанд тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки дар зер меояд. Дар Тоҷикистон ҳоло ягон ҳодисаи сирояти ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Вале сокинони кишвар бояд эҳтиёт кунанд ва аз ин тавсияҳо кор гиранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми феврали соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сарвари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Галина Перфилевро ба ҳузур пазируфт. Ду ҷониб масъалаҳои пешгирӣ аз густариши вируси короно дар кишвар ва имкониятҳои созмони ёдшуда барои кумак ба Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин вирусро мавриди суҳбат қарор доданд.