Дар фуруди изтирории ҳавопаймо дар Истамбул 3 нафар кушта шуданд (ВИДЕО)

Теъдоди ҳалокшдагон бар асари фуруди изтирории ҳавопаймо дар Истамбули Туркия ба 3 нафар расидааст. Ин ҳавопаймо мансуб ба ширкати ҳавопаймоии  Pegasus буда, бар асари ҳавои номусоид нишасти изтирорӣ кардааст ва бар асари бархӯрди сахт ба замин дучори садама шудааст. Ожонсии Anadolu ахиран шумори захмишудагонро 157 нафар эълон кард. Фаҳриддин Коҷа-вазири тандурустии Туркия бистарӣ шудани 157 нафарро тайид кардааст ва гуфтааст, ки ҳоло баъзе аз ин захмиён вахим аст.

Дар бораи теъдоди захмиён хабарҳо гуногунанд. Баъзе хабаргузорҳо иттилоъ додаанд, ки дар сонеҳ 150 нафар захмӣ шудаанд. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки дар ин сонеҳа як нафар ҷон додааст ва 157 тани дигар захмӣ шудаанд. 

Дар хабар гуфта мешавад, ки рӯзи чаҳоршанбе ҳавопаймои Боинг 737 ширкати Pegasus, ки ба хатсайри Измир – Истамбул дар ҳоли парвоз буд, ҳангоми нишаст пас аз лағзидан ва хуруҷ аз бонд се пора шудааст.   

Мақомот ба тафтиши иллати ин ҳодиса пардохтаанд, аммо гуфта мешавад, ки як сабаби он ҳавои номусоид, барфу борони шадид ва боди сахт буд.

барчасп: