Зарфи чанд рӯзи охир аз ҳалокати 7 нафар дар кишварҳои гуногун бар асари лағзиши тарма хабар дода шуд. Охирин хабар кушташудани як шаҳрванди Русия дар роҳҳои Гурҷистон буд. Дар Туркия 4 тан ва дар Фаронса ду лижарон аз ҷумлаи қурбониёни тарма буданд.
Бар асари лағзиши тарма дар Гурҷистон як шаҳрванди Русия ба ҳалокат расидааст. РИА Новости истинодан ба манобеъи расмии давлатӣ навиштааст, ки ин ҳодиса дар минтақаи марзии Гурҷистон бо Русия рух додааст. Дар ин рӯйдод ду нафари дигар бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Хабаргузорӣ иттило додааст, ки хонуми ҳалокшуда шаҳрванди Русия будааст ва ду нафаре, ки ҳоло дар бемористонанд, шаҳрвандони Арманистон ва Гурҷистон мебошанд.
Бино ба ҳамин хабар мошине, ки онҳо савор буданд, дар натиҷаи лағзиши тарма ба ҷарӣ чаппа шудааст ва дар натиҷа як нафар ҳалок ду тани дигар захмӣ гаштаанд.
Хабаргузорӣ ҷузъиёти бештар дар бораи хонуми кушташуда ва захмиён надодааст. Гуфта мешавад, ки роҳи Ҳарбӣ-гурҷӣ, ки ин мошин аз он тариқ ҳаракат мекард, каме пештар аз сабаби барфи шадид қисман баста буд, 2 феврал бо муҷарради тоза кардани роҳ ба ҳаракати мошинҳо иҷозат дода буданд.
Бино ба хабарҳои дигар рӯзи чоруми феврали соли равон дар вилояти Ван воқеъ дар шарқи Туркия тарма чор нафарро кушт. Нӯҳ нафар савори микроавтобус сафар доштанд ва мошинашон зери тарма монд. Волии вилоят Маҳмет Эмин Билмеза ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки имдодгарон то мошин расидаву панҷ нафарро наҷот доданд. Вале чор тани дигар то расидани наҷотдиҳандагон ҷон дода буданд.
Охири моҳи январ дар Фаронса низ бар асари лағзиши тарма 2 лижарон ба ҳалокат расида буданд.