Чин хабар дод, ки то имрӯз ҷиҳати мубориза бо короновирус аз 11 кишвари олам, аз ҷумла Корея, Ҷопон, Британияи Кабир, Фаронса, Туркия, Покистон, Қазоқистон, Маҷористон, Эрон, Беларусия ва Индонезия, ҳамчунин ЮНИСЕФ кумак дарёфт кардааст. Аммо ин кумакҳо кофӣ нестанд. Дар айни замон Чин ба ниқобҳои тиббӣ, сарулибос ва айнакҳои тиббӣ ниёз дорад. Сарвари Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки мубориза бо короновирус вазифаи басо муҳим барои ҳамаи ниҳодҳои кишвар аст. Тибқи иттилои охир ҳоло дар Чин бештар аз 20 ҳазор нафар чун сироятёфтагон ба ин беморӣ сабти ном шудаанд, 425 нафар аз ин касалӣ фавтидаанд. Шабонарӯзи гузашта танҳо дар шаҳри Вуҳон 47 нафар ва дар вилояти Ҳубей шумори ҳалокшудагон дар як шабонарӯз ба 64 нафар расид. Аз ҷумлаи 425 нафари фавтида аз ин беморӣ 313 нафар дар шаҳри Ҳубей ҷон додаанд.
Комиссияи давлатии мубориза бо короновирус эълон кард, ки ҳоли 2788 нафар сироятшудагон вахим аст ва эҳтимоли каме ба зинда мондани онҳо вуҷуд дорад.
То кунун берун аз қаламрави Чин 150 нафар сироятшудани короно ба қайд гирифта шудаву дар Филиппин як нафар аз ҷумлаи ин афрод фавтидааст. Ва ин аввалин хабари фавт аз короновирус берун аз қаламрави Чин аст.
Амрико эълон кард, ки ҳама шаҳрвандонашро аз Чин хриҷ мекунад ва онҳҳое, ки аз шаҳри Ҳубей бармегарданд, муддати ду ҳафта дар карантин ба сар хоҳанд бурд, то пурра ташхис шаванд.
Кишварҳои дигар чӣ иқдомотеро амалӣ мекунанд?
Бино ба гузориши bbc.com. рӯзи душанбе ҳукуматдорони Ҳонконг эълон карданд, ки аз 13 гузаргоҳи марзӣ бо Чин 10 гузаргоҳҳо пурра мебанданд.
ИМА, Австралия ва Сингапур вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки аз Чин меоянд, манъ карданд.
Зеландияи Нав ва Исроил марзҳои худро ба рӯйи ҳамаи касоне, ки аз Чин меоянд, бастанд.
Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ вуруди атбоъи хориҷие, ки дар вилояти Ҳубейи Чин иқомат доштанд, манъ карданд.
Миср, Финландия, Индонезия, Британия ва Италия муваққатан ҳама парвози ҳавопаймоҳо ба Чинро лағв карданд.
Муғулистон (пурра) ва Русия (қисаман) марзҳои худро бо Чин бастанд.
МАТОЛИБИ БЕШТАР ДАР БОРАИ КОРОНОВИРУСИ ЧИНӢ
Короновируси чинӣ: Аз дирӯз то имрӯз чӣ гузашт?
Короновирус саросари Чинро фаро гирифт. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бонги изтироб мезанад
Шумори фавтидагон аз короновируси чинӣ дар ин кишвар аз 80 нафар гузаштааст