Намояндагии Бонки Осиёии Рушд татбиқи “Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо”-ро арзёбӣ кард

Намояндагии Бонки Осиёии Рушд ба баррасии аввалини натиҷаҳои татбиқи кумакҳо дар доираи “Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ”, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд амалӣ карда мешавад, баҳои мусбат дод.

Як ҳафта пас аз анҷоми кори худ Намояндагӣ ёддоштро дар бораи такмили лоиҳа, танзими фаъолият ва механизмҳои татбиқ дар давраи боқимонда пешниҳод кард.

 Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба гурӯҳ таҳти сарпарстии ҷаноби Ризо М.Фаррух барои кори анҷомдодаашон изҳори сипос намуд ва ба муҳим будани татбиқи тарҳи мазкур дар кишвари мо таъкид кард.

Аз ҷумла вай қайд намуд, ки «Соли 2020 барои лоиҳа соли хеле муҳим муҳим аст, зеро дар ин давра чорабиниҳо барои беҳбуди системаи мониторинги кӯли Сарез ва системаи огоҳсозии пешакӣ, ҳамчунин такмили Хадамоти зидди жола ба нақша гирифта шудааст”.

Дар мулоқоти ҷамъбастии намояндагии БОР дар КҲФ кормандони Кумита, намояндагони Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазоратҳои молия, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, энергетика ва захираҳо об, маориф ва илм, нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ширкта намуданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳа дар асоси Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2019-2030”, Барномаи рушди КҲФ барои солҳои 2018 – 2022 таҳия шуда, аз се қисм иборат мебошад:

- татбиқи васеи ҷорӣ намудани идоракунии хатари офатҳо дар муассисаҳои давлатӣ;

- таҳкими иқтидор оид ба идораи офатҳои табиӣ ва коҳиши талафот;

- таҳияи харитаи роҳ барои сармоягузориҳои минбаъда ва маблағгузории устувор.

 Татбиқи лоиҳаи идораи хатари офатҳои табиӣ ба ҳалли мушкилот дар ин самт мусоидат мекунад, инчунин арзёбии маконҳои хатарнокро дар ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими техникии иқтидори КҲФ, мониторинги кӯли Сарез, тавсеаи системаи огоҳкунии пешакӣ, беҳтар кардани ҳолати техникӣ ва таълими Хадамоти зидди жолаи Кумитаро беҳтар мегардонад. 

барчасп: