Дар доираи гузаронидани машғулиятҳо вобаста ба омода намудани аҳолӣ аз тарафи ҳайати шахсии Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо 275 нафар роҳбарони синфҳои 2-6-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 29 нафар роҳбарони омодагии дифои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Масчо, Зафаробод, Истаравшан машғулиятҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
Маркази таълимӣ-методии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муассисаи доимоамалкунандаи таълимии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ин вилоят мебошад.
Бо мақсади омода намудани аҳолӣ, ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, амал ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда ҳамасола дар маркази таълимб-методии Раёсат машғулиятҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Дар доираи гузаронидани машғулиятҳо вобаста ба омода намудани аҳолӣ аз тарафи ҳайати шахсии Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо 275 нафар роҳбарони синфҳои 2-6-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 29 нафар роҳбарони омодагии дифои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Масчо, Зафаробод, Истаравшан машғулиятҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар рафти машғулиятҳо офатҳои табиие, ки дар ҳудуди вилояти Суғд хавфи ба вуқўъ омаданд доранд, таснифоти ҳолатҳои фавқулодда, вазифаҳои зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи тиббӣ-биологӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, тартиби таъсис додани нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, Фаъолияти комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионӣ, расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардида, худначотдиҳӣ ва наҷот додани атрофиён, Тартиби ба аҳолии зарардида расонидани кўмаки яквақтаи моддӣ ва дигар мавзўъҳо омўзонида шуданд.
Ҳамзамон дар рафти машғулиятҳо аз тарафи муовини сардори Раёсати вилоят полковник Қосимов А. доир ба масъалаҳои зимистонгузаронӣ, назорати омодагии муассисаҳо ба ҳолатҳои фавқулодда супоришҳои мушаххас дода шуда, зикр гардид, ки аз омодагии муаллимон ва роҳбарони синфҳо ҳаёт ва саломатии насли ояндасоз зиёд вобастагӣ дорад.
Дар ҷамъбасти машғулиятҳо ба иштирокчиён маводҳои методӣ, дар шакли китобчаҳо ва буклетҳо, видеороликхо, слайдхо супорида шуданд.
Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор
бо ҷомеъаи Раёсати вилоят, лейтенант