Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо сарвари Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода баргузор шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои бунёдгаро мавриди суҳбат қарор гирифт.
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки ифротгароӣ ва терроризм як неруи вайронгари тафаккури инсон ва ҷисму ҷони вай буда, бояд ба муқобили он муборизаи беамон бурд.
«Идеологияҳои ифротгароӣ ва терроризм даъват мекунанд, ки ҳамаи намояндагони динҳои дигар аз заминҳое, ки дар он мусалмонон зиндагонӣ мекунанд, бояд раванд ва ба муқобили ҳукуматҳое ҷанг эълон кардаанд, ки ба ақидаи онҳо исломӣ нестанд ва ин ақидаву ин ғоя инсониятро ба партгоҳе тела медиҳад",- гуфт ӯ.
Бино ба гуфтаи сарвари мусалмонони Тоҷикистон мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бе роҳандозии корҳои таблиғотӣ маъно надорад. Бояд асли Ислом ва ҳадафи ин гуна гурӯҳҳои тундравро ба мардум расонд. Воситаҳои мухталифи таъсиррасонро бояд истифода кард. Яке аз ин роҳҳо муколама бо мардум аст, бо роҳҳои суолу ҷавоб метавон ҳадафи тундравонро фаҳмонд ва аз вуруди ҷавонону наврасон ба сафи онҳо ҷилавгирӣ кард.
Муфтии Тоҷикистон С.Абдуқодирзода дар суханронии худ ҳамчунин дар бораи стратегияи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ба ҷавонон расонидани арзишҳои аслии Ислом, равона сохтани онҳо ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурӣ аз ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав нақл кард. Вай ҳамчунин ба як сислила тарҳҳое низ ишора кард, ки Шӯрои уламо барои расидан ба ин ҳадафҳо онҳоро амалӣ месозад.