Ҷамъомади мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои вилоятӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда барои соли 2020 баргузор шуд в адар он ҳамаи зернизомҳои ҳудудии низоми ягонаи вилоятӣ ва хадамотҳои мудофиаи граждании дар ВМКБ фаъолиятдошта иштирок намуданд. Дар ҷаласа асосан масъалаи тарзи дуруст пешниҳод намудани нақша-чорабиниҳо ва ҳисоботҳо аз тарафи зернизомҳо ва хадамот ҳаллу фасл гардид.
Ҷаласаро муовини Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Сафарбек Аваз ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Сипас, Сардори Шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд подполковник Ш. Шоисмтов Сардори маркази таълимӣ-методии Раёсат подполковник Ш. Хусравова ва Сардори Шӯъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ майор И.Идиятов барои иштирокдорон мавзӯъҳоро пешниҳод намудаанд.
Дар пёни нишаст атрофи масоили баррасишуда табодули афкор сурат гирифт.
Маставлиев Ш., сардори Бахши робита бо ҷомеаи Раёсат, лейтенанти хурд