Нигаронии ҳамсояҳо кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба биное воқеъ дар кӯчаи Бухоро бурд. Пиразан ба кадом иллате ҷон додаву муддати чанд рӯз касеро аз ҳолаш хабар набуд.
Сокинони кӯчаи Бухорои пойтахти кишвар дар занги телефонӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳамсояи онҳо чанд рӯз аз аст, ки аз хона берун намеояд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки эҳтимол бонуи танҳо ба мусибате гирифтор шудаву, имкон надорад дар боз кунад.
Ин занги телефонӣ субҳи рӯзи гузашта дарёфт шуд ва дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар ҳайати панҷ нафар фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир гашт.
Онҳо якҷо бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳал ва ниҳодҳои дахлдор вориди манзили шаҳрванд гардиданд. Пиразани танҳои 66-сола дар кулбаи худ беҷон мехобид. Марги ӯ кай фаро расида ва иллати маргаш чӣ будааст, ҳоло ташхис мешавад.
Кормандони Раёсати Кумита ҷасади пиразанро ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқу ташхис супурданд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2019 кормандони наҷоти Кумита 235 нафар шаҳрвандонро дар ҳолатҳои гуногун аз хатар наҷот доданд. Аз ҷумла, 17 нафар аз тарма, 28 нафар садамаҳои нақлиётӣ, 7 нафар аз сўхтор, 71 нафар ҳангоми кўшодани дарҳои оҳанӣ, 54 нафар дар обҳои кишвар, 33 нафар дар лифтҳои азкормонда.
Ҳангоми роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ 280 нафар мусофирон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт ба ҷои бехавф интиқол дода шуданд.