Тақвими рӯз: аз 14 то 16 январ

14 – уми январи соли 2019. Заминларзаи шадид Перуро такон дод. Қувваи он дар марказаш вилояти Каравелии минтақаи Арекип 6,8 балл буд. Дар ин заминларза 1 нафар ҳалок шуд ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.

14 – уми январи соли 2019. Бар асари инфиҷори баллони газ дар бинои баландошёна воқеъ дар шаҳри Шахтаи вилояти Ростов як нафар ба ҳалокат расидаву 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар миёни захмишудагон ду нафар кӯдакон мебошандМуфассалтар. https://www.khf.tj/node/1167

15-уми январи соли 2019. Тарма ду нафарро дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба комаш кашид. Онҳо ҳушдорҳоро нодида гирифтанд ва дар ҳамин ҳавои сарду боронӣ кӯҳ рафтанд, то ҳезум ҷамъ оваранд.  Яке 20 сол дошт ва дуюмӣ 30 сол.  Кормандони Раёсати махсуси хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ дар вилояти Суғд, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва ихтиёриён аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи тармазадагон шуданд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҷасади А.Тиллоеви 30-сола аз зери барф пайдо гардид. Муфассал. https://www.khf.tj/node/1169

16 – уми январи соли 2017. Дар наздикии фурудгоҳи Манаси шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҳавопаймои Boeing 747-412F мансуб ба ширкати ҳавопаймоии ACT Airlines сарнагун шуд. Ин тайёра аз Ҳонконг ба самти Бишкек ва Истамбул дар ҳоли парвоз буд. 39 мусофири ҳавопаймо, 4 сарнишин ва 35 нафари дигар сокинон дар замин ба ҳалокат расиданд. Чандин нафари дигар бистарӣ шуданд.

16 – уми январи соли 2006. Сӯхтор дар ошёнаҳои болоии бинои ҳафтқабатаи мансуб ба ширкати “Промстройниипроект” дар шаҳри Владивостоки Русия. 9 корманди Сбербонк ҳалок шуданд, 13 тани дигар ҷароҳат бардоштанд, қариб 30 тани дигар ба иллатҳҳои гуногуни тағйири ҳолати руҳӣ ба духтурон муроҷиат карданд.

барчасп: