Тӯли соли 2019 воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 235 нафарро наҷот додаанд ва ба бештар аз 600 нафар зарардидагон дар офатҳои табиӣ ёрӣ расондаанд. Бо истифода аз техникаи махсуси КҲФ ба 25 шаҳру ноҳияе, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, маводи сохтмон расонданд. Дар ин муддат ҳамчунин 1471 минтақаи хатарнокро ба қайд гирифтанд, 331 нафарро ба маконҳои амн интиқол додаанд. Ҳамаи ин далелу арқом дар ҷаласаи солонаи Мушовараи Кумита эълон гардид.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назазода ва ширкати сармушовир – сардори шуъбаи дастгоҳи Шӯрои Амнияти ҶТ Ю.Юсуфзода ҷаласаи Мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои КҲФ дар соли 2019 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи Марказӣ, раёсатҳо ва шуъбаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии КҲФ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбии КҲФ ширкат намуданд.
Раиси Кумита дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд, ки ҳарчанд соли 2019 барои кишвар соли чандон осоне набуд, аммо ба кормандони Кумита муяссар гардид, ки ба аҳолии зарардида сари вақт кумак расонанд, зарфиятҳои техникии Кумита ва сатҳи касбии кормандони он боло равад. Сарвари Кумита ҳамчунин дар бораи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҳарф зад.
«Мо ба ин натиҷаҳои назаррас бо роҳандозии корҳои фаъол расидем, ки дар он на танҳо кормандони КҲФ, ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок карданд. Бо шарофати вокуниши саривақтӣ ва ташкили дурусти ҳамкорӣ, ба аҳолии аз офати табиӣ осебдида сари ҷақт кӯмак расонида шуд. Инчунин, бо таҷҳизоти махсуси Кумита масолеҳи лозим барои ба роҳ мондани корҳои соҳилбандӣ расонда шуд”,- гуфт ӯ.
Ҳисоботи роҳбарони Сарраёсатҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, раёсати қушунҳо дар бораи натиҷаи фаъолиятҳо дар соли гузашта ва камбуду норасоиҳо дар кор шунида шуданд. Дар бораи сабабҳои камбудиҳои кор дар се Раёсати КҲФ дар вилоятҳо ҳисоботи роҳбаронашон шунида шуданд ва барои ислоҳи камбудиҳо барояшон вақт муайн карда шуд.
Фаъолияти Сарраёсати КҲФ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, ки соли 2019 ба як қатор камбудиҳо ва хатоҳо роҳ дода буд, мавриди интиқод қарор гирифт.
Сармушовир – сардори шуъбаи дастгоҳи Шӯрои Амнияти ҶМ Юсуфзода Ю. барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои сарраёсатҳо, раёсатҳо ва дар умум КҲФ дар соли 2020 ба ҳамкориҳои созанда бо вазорату идораҳои дигар даъват кард.
Дар сухани ҷамъбастии худ сарвари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода зикр намуд, ки ҳамкориҳои созандаву бунёдӣ бо ҳама вазорату идораҳои дахлдори кишвар барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва коҳиши хатари офатҳо дар соли 2020 идома хоҳад ёфт. Роҳбари идораи наҷоти кишвар ҳамчунин дар бораи басо муҳим будани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ибрози назар кард.
“Бо таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соли 2019 ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии воҳидҳои наҷот дар асоси Созишномаҳои баимзорасида, ба Кумита тақрибан 200 номгӯи таҷҳизотҳои гуногун ва инчунин таҷҳизоти махсуси техникӣ таҳвил ёфт, ки ин бешубҳа сифати корҳои имдодро беҳтар мекунад ", -қайд кард раиси КҲФ.
Дар ҷаласаи Мушовара барои соли 2020 вазифаҳо гузошта шуданд ва самтҳои фаъолияте, ки бояд корҳо дар он ҷоннок карда шаванд, муайян карда шуданд.
Дар поёни ҷаласаи Мушовара, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва гурӯҳҳои КҲФ, ки дар шаҳрҳо ва минтақаҳои кишвар ҷойгир шудаанд, инчунин таъмини самарабахшии фаъолияташон барои иҷрои вазифаҳои худ дар бинои Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-методии Кумита дарс баргузор шуд.
Дар ҷараёни дарс масъалаҳои ҳамкориҳои намояндагони шӯъбаи наҷот бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо зерсистемаҳои Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ баррасӣ карда шуданд.
Ғайр аз он, ба онҳо маълумоти бештар дар бораи татбиқи босамари Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ва Барномаи рушди КҲФ барои солҳои 2018 то 2022 ироа гардид.