Тақвими рӯз: Солҳое дар 11-уми январ

11-уми январи соли 2017. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) бо сарварии намояндаи ин созмон ҷаноби Виорел Гутсу баргузор шуд. Муфассал: Баррасии густариши ҳамкориҳои дуҷониба.  

11 – уми январи сол 1866. Киштии британиёии “Лондон” ҳангоми тӯфон дар халиҷи Биской (халиҷе дар уқёнуси Атласи шимолӣ байни кишварҳои Фаронса ва Испания) ғарқ шуд. Дар ин фоҷеа 220 нафар ҷон доданд.  

11 – январи соли 2019. Дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи қаламрави Туркия киштии боркаш дар об ғарқ шуд. Ин киштӣ, ки «Волга-Балт» номида мешавад, бо парчами Панама дар ҳоли ҳаракат буд. Бино ба хабари агентии иттилоотии  Anadolu дар киштӣ 13 нафар ҳайати идорӣ, 9 нафар шаҳрвандони Украина, ду шаҳрванди Озарбойҷон ва ду нафар аз Русия ҳузур доштанд. Дар амалиёти имдод муяссар шуд, ки 7 нафар наҷот дода шаванд ва боқӣ сарнишинони он ба ҳалокат расиданд. Муфассал: Киштии боркаши “Волга-Балт” дар соҳилҳои Туркия ғарқи об шуд.  

барчасп: