Шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ аз руи таъсисёбии ситоди мудофиаи граждании Точикистон ҳамчун шўъбаи пешбаранда ташкил карда шудааст.
Дар таркиби Кумита соли 1994 Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ташкил шуд, ки яке аз шўъбаҳои асосии он шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ буд.
Аз соли 1992 дар ҳайати шўъбаи ҳифзи радиатсионӣва кимиёвӣ 5 нафар фаъолият доштаанд (1- сардори шўъба, 2 - муҳандис-кимиёчӣ, 1- мутахассиси пешбаранда, 1- сармутахассис).
Ҳамчунин, ба ҳайати шўъба гурўҳи ҳисоботию таҳлилӣ (РАГ) ҳамчун сохтори қушунҳои ҳифзи кимиёвӣ дохил буд.
Дар давоми солҳои 1995 то 1996 дар ҳайати шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ танҳо 1 хизматчии ҳарбӣ-сардори шуъба ва 1 сармутахассис мавчуд буд.
Бо таъсис ёфтани Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ барқарор карда шуд.
Шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ роҳбарии методии Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометриро низ ба уҳда дорад ва барои фаъолияти пурсамари он кушишҳо ба харҷ медиҳад. Хусусан, бояд қайд намуд, ки солҳои 1993-1995 сатҳи фаъолияти он бо сабабҳои маълум паст гардид, таҷҳизоти махсуси лабораторӣ фарсуда шуда, мутахассисони пуртаҷриба намерасиданд.
Дар давоми солҳои 1995 то инҷониб базаи тачҳизоти махсус ва асбобҳои он бо кумакҳои ташкилотҳои байналхалқӣ таҷдид шуд ва мутахассисони он дар давраҳои таълимии гуногуни байналхалқӣ омўзонида шуданд.
Бо пешниҳодоти шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ дар давоми солҳой 1998 - 2000 дар ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳри Душанбе вазифаи афсар оид ба ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ барқарор карда шуд.
Фаъолияти шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ асосан вобаста ба назорат бурдан аз рӯи ҳолати нигоҳдории маводи сахттаъсири заҳролудкунанда дар иншоотҳои хатарноки кимиёвӣ, назорат бурдан аз рӯи ҳолати нигоҳдории амволи ҳифзи кимиёвии мудофиаи гражданӣ, назорат бурдан аз рӯи гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ аз тарафи ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, гузаронидани назорати дозиметрӣ ва кимиёвӣ ва назорати методии Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бехатарии радиатсионӣ мебошанд.
Аз сабаби он, ки солҳой 1992-1994 тамоми ҳуҷҷатҳои мавҷуда ва маълумотии шўъба нобуд гардидаанд, дар давоми солҳои 1995 то инҷониб аз сари нав тамоми корхонаҳое, ки маводи сахттаъсири заҳролудку-нанда истифода мебаранд, санҷида шуда, барўйхат гирифта шуданд. Дар давоми гузаронидани санҷишҳо ба роҳбарияти корхонаҳои мазкур пеш-ниҳодоти беҳтар намудани ҳолати нигоҳдории маводи сахттаъсири заҳролудкунанда пешкаш кард ашуд.
Аз тарафи шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ, инчунин бо мақсади пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ ва ҷустуҷўӣ манбаъҳои радиоактивии «гумшуда», санҷиши ҳолати нигоҳдории манбаъҳои радиоактивӣ дар муассисаҳо ва корхонаҳо аз соли 1997 то инҷониб ба роҳ монда шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷишҳо як қатор садамаҳои радиатсионӣ, аз он чумла, рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ вобаста ба Термогенераторҳои радиоизотопии «РИТЭГ» дар ш. Душанбе соли 1997 ва интиқоли манбаъи радиоактивӣ аз ҷойи садамаи чархболи МИ-8 дар ағбаи Уштур соли 2000 ба ҳисоб мераванд. Аз тарафи шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ номгўи корхонаҳое, ки манбаъҳои радиоактивй доранд, тартиб дода шуд. Дар ин самт корҳо идома доранд.
Дар сурати зарурат мутахассисони шўъба бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонба шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои санҷиши дурустии ҳолатҳои ба вуҷуд омада ва маълумотҳои воридшуда фиристода мешаванд.
Инчунин, шўъба дар таъмини шароити корҳои зидди садамавӣ ва дигар корҳои барқароркунӣ дар мавзеҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои ҷанбаи техногенӣ, ҳамоҳангсозии сохторҳои зиддисадамавӣ ва нақшаи корӣ оиди огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, барҳамдиҳии пешакии вазъи радиатсионию кимиёвӣ якҷоя бо ташкилотҳои дахлдор дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ташкили таҳқиқотҳои радиатсионию кимиёвии минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда, омода намудани пешниҳодот оиди пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дороӣ ҷанбаи техногенӣ ширкат намоянд.
Шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ бо Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ва Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ (ОЗХО) дар чорчӯбаи созишномаҳои ба имзо расонидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани кўмаки техникӣ, ҳамкориҳои самарабахш менамояд.
Як бурди асосии шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ ин иштирок дар машқҳои байналхалқии ҳифзи кимиёвӣ, мебошад, ки бо дастгирии Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ (ОЗХО) моҳи октябри соли 2005 дар шаҳри Лвови Украина баргузор гардид ва дар он намояндагони гуруҳҳои ҳифзи кимиёвии зиёда аз 30 мамлакат иштирок намуданд.
Дар чорчӯбаи ҳамкориҳои дутарафа бо Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ду трейлер бо таҷҳизоти хозиразамони воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва асбобҳои иктишофи радиатсионӣ ва кимиёвӣ барои лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвию радиометрӣ ва маркази таълимии Кумита, ки маблағи умумиаш зиёда аз 300000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дастрас карда шудааст.