Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Маркази назорати идораи зерсохтҳои иттилооти маконӣ фаъол шуд

Ҳадафи аслии Маркази назорати идораи зерсохтҳои иттилооти маконии КҲФ бунёди пойгоҳи ягонаи маълумотҳо оид ба ҷамъоварии ахбор ҷиҳати тартиб додани картографияи маконҳои ҳассос, ба вуҷуд овардани шароитҳоест, ки дастрасии озоди мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандонро ба иттилооти маконӣ ва истифодаи пурсамари онҳо таъмин созад.

21 феврали соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Маркази назорати идораи зерсохтҳои иттилооти маконии баргузор шуд. Ин марказ бо пуштибонии Хазинаи Оғохон оид ба маҳалли скунат ифтитоҳ гардид.   

Дар маросими  кушоиш Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбари Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Расулзода, сарвари Бонки умумиҷаҳонӣ ҷаноби Ян-Питер Олтерс, Директори Агентии Оғохон оид ба маҳалли сукунат ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ, сарварони Иттиҳодияи Аврупо дар ҶТ, Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо, Барномаи Рушди СММ, Оксфам ва дигар созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо иштирок намуданд. 

Зимни суханронии худ Раиси КҲФ ба шарикон барои мусоидат ҷиҳати ифтитоҳи ин марказ изҳори ташаккур намуд, ҳамзамон қайд кард, ки фаъол шудани ин гуна марказ бо ҳадафҳои созанда имкон хоҳад дод, ки ҳамкориҳо дар ҷамъоварии  маълумотҳо, таҳлилу баррасии онҳо барои ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ беҳтар шавад. Ҳамаи ин барои пешбинии минбаъдаи ҳолаҳои фаввқулоддаи табиӣ ва техногении эҳтимолӣ зарур мебошад. 

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бахши дигар аз суханрониаш гуфт: «Ин Марказ кумак хоҳад кард амалҳои муштараки мо ҳангоми ҷамъоварии маълумоти зарурӣ ва таҳлили он ҳамоҳанг шавад, он ба пешгирии офатҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард. Мо ҳамин як ҳадаф дорем: ҳимояи аҳолӣ ва расонидани ёрӣ ба он ниёзмандоне, ки аз офатҳои зарар дидаанд".

Директори Агентии Оғохон оди ба муҳити зист ба суханронии ҷавобии худ зикр намуд, ки Агентӣ ба ҳамкориҳои худ бо Кумита дар оянда низ идома медиҳад. 

Дар поёни қисмати расмӣ ширкаткунандагон бо марказ аз наздик ошно шуданд. 

Ҳадафи аслии Маркази назорати идораи зерсохтҳои иттилооти маконии КҲФ бунёди пойгоҳи ягонаи маълумотҳо оид ба ҷамъоварии ахбор ҷиҳати тартиб додани картографияи маконҳои ҳассос, ба вуҷуд овардани шароитҳоест, ки дастрасии озоди мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандонро ба иттилооти маконӣ ва истифодаи пурсамари онҳо таъмин созад.

барчасп: