Дар остонаи таҷлили 26-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ сарбозону афсарони яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таронаҳои хуби сарояндаи шинохта Валиҷон Азиз ташнагии маънавӣ шикастанд. Валиҷон Азизов изҳор дошт, ки аз мулоқот бо сарбозонаи Ватан меболад. «Мехоҳам шуморо ба идатон муборакбод кунам ва ба шумо тансиҳативу умри дароз таманно намоям. Мехоҳам тамоми умр ҳамин гуна нерӯманду қавӣ бимонед. Ин гуна вохӯриҳо зери осмони софу кишвари амну босубот доир мешавад ва ин яке аз хизматҳои пурарзиши Президенти мо мебошад”,-гуфт ӯ.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаи неке солҳост амал мекунад, ки барои сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ мулоқотҳои эҷодӣ, чорабиниҳои мухталиф, барномаҳои консертӣ гузаронида мешавад.
Чунончӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии КҲФ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷой гирифтааст, сарбозону афсарон дар як чорабинӣ бо сарояндаи дӯстдоштаи худ Валиҷон Азизов вохӯрданд. Ин мулоқот ба 26-уми солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бахшида шуда буд. Дар ҳамоиш Валиҷон Азизов ба мухлисони сарбозаш бештар таронаҳои ватандӯстӣ хонд, аз рӯзгори сарояндагии худ, нақши фарҳангу санъат дар рушди маънавии ҷавонон ва ғайра сӯҳбат кард.
Полковник Ҷ.Маҳмадзода-муовини Раиси КҲФ, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дошт, дар суханони ифтитоҳии худ зикр кард, ки ин гуна дидору мулоқотҳо рӯҳияи ватандӯстии сарбозону афсаронро боло мебаранд. Таронаву рақс, шеъру суруд танҳо як тафреҳ нест, балки баҳонаи дигарест, ки инсон бо ин васила Ватани худро бештар дӯст медорад.
Валиҷон Азизов низ дар оғози ҳунарнамоии худ иброз дошт, ки «Мехоҳам шуморо ба идатон муборакбод кунам ва ба шумо тансиҳативу умри дароз таманно намоям. Мехоҳам тамоми умр ҳамин гуна нерӯманду қавӣ бимонед. Ин гуна вохӯриҳо зери осмони софу кишвари амну босубот доир мешавад ва ин яке аз хизматҳои пурарзиши Президенти мо мебошад”.
Сарбозону афсарон аз ин барномаи басо диданӣ шод шуданд, ба сарояндаи маҳбуб барои эҳдои як нафаси хуш ва таронаҳои дилрабо изҳори ташаккур карданд.