Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо мақсади такмили донишҳо оид ба ҳуқуқҳои зидди амалҳои коррупсионӣ мулоқот бо намояндагони Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин вилоят баргузор шуд.
Дар ин мулоқот, ки бо ширкати роҳбарон ва ҳайати шахсии Раёсати Кумита доир шуд, сардори бахши пешгирӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо ва амалҳои коррупсионии Агентӣ А.Мавлонназаров суханронӣ кард.
Дар рафти суханронии худ А.Мавлонназаров ҳайати шахсиро дар ҷараёни татбиқи “Стратегияи муқобилият бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020” гузошт ва дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ, роҳҳои пешгирӣ аз онҳо ва мубориза бо ин зуҳуроти нангин ҳарф зад.
Ҳамчунин маҳдудиятҳое, ки барои гирифтани тӯҳфаҳо муайян шудаанд, ҷазо барои гирифтан ва додани пора, миёнаравӣ дар ришвахориро шаҳр дод ва гуфт, ки барои ин амалҳо аз ҷаримаҳои баланд, аз кор озод кардан ба ҷурми баромадан аз боварӣ ҷазо муқаррар карда шудааст.
Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия табодули афкор сурат гирифт.