Ҷоми Вазорати мудофиа насиби наҷотдиҳандагони ВМКБ шуд

Кормандони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқоти варзишии “Ҷоми Вазорати мудофиа” оид ба гӯштӣ сазовори ҷойи аввал шуданд ва ин ҷомро соҳибӣ карданд.

Дар ин мусобиқоти варзишӣ, ки ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, тимҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат дар ВМКБ низ ширкат доранд. 

Дар вазни 80 кило ҷойи аввал насиби прапоршик Ширинбек Нурмамадов ва ҷойи дуюм дар вазни то 100 кило ба прапоршик Укматшо Гултасташоев тааллуқ гирифт ва Худодод Себаргаев соҳиби ҷойи сеюм шуд. 

Онҳо бо Ҷоми Вазорати мудофиа ва ифтихорномаҳои ниҳод мукофотонида шуданд. 

Ҳамкорони худро ба ин пирӯзӣ самимона муборакбод мекунем!

барчасп: