Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Кишварро барфи шадид интизор аст

Ҳавои офтобии имрӯз муваққатист ва бино ба гузориши созмони ҳавошиносии кишвар ин ҳаво рӯзҳои 20-21 уми феврал тағйир меёбанд ва кишварро ҳавои боронӣ дар пеш аст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ рӯзи 21-уми феврал дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон (ба истиснои ВМКБ) барфи шадид меборад. Барф бахусус дар ноҳияҳои алоҳида ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои кӯҳии Тобеъи ҷумҳурӣ бошиддаттар меборад.

Рӯзи 21-уми феврал дар водиҳо ҳарорати ҳаво паст мешавад аз 8 то 10 дараҷа сардии ҳаво пешгӯӣ шудааст. 

Ин манбаъ ҳамчунин суръати вазиши бод дар рӯзи 20-уми февралро аз 17 то 22 метр дар як сония аз самти ғарб арзёбӣ кардааст.

 Рўзҳои 19-22-феврал дар минтақаҳои кўҳии НТМ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Душанбе-Хуҷанд) ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ (Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ғунд) хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш ва сард аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд. Бахусус рӯзҳое, ки хавфи омадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ ва роҳҳову ағбаҳо таҳдид мекунад, рафтан ба шикоргоҳу омода кардани ҳезум ва чаронидани чорво низ бояд муваққатан худдорӣ кард.

Эҳтиёт гарави саломатии шумост!

барчасп: