Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зани 45-солаеро аз мавҷи хурӯшони оби сарди дарё наҷот доданд

Зане, ки бо сабабҳои номаълум худро дар коми дарёи “Душанбе” ҳаво дод, 45 сол дошт. Агар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе сари вақт намерасиданд, оби сарди хурӯшон вайро нобуд мекард.

18 феврали соли 2019 ба қисми навбатдории дастаи вокуниши сареъи шаҳри Душанбе хабар расид, ки зани ҷавоне худро дар ҳамин ҳавои сард ба дарёи “Душанбе ҳаво дод. Дар дақиқаҳои бошумор наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ба онҳо муяссар гардид, ки ба зудӣ ин зани ҷавонро аз гирдоби оби сард берун оранд. Маълум гардид, ки вай сокини шаҳри Душанбе буда, 45 сол доштааст. 

То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ки фавран даъват шуда буд, наҷотдиҳандагон ба ин зан кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд ва баъди он ба бемористон интиқол доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин аввалин ҳодиса нест. Ба шарофати амалҳои фаврӣ ва чолокӣ кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  даҳҳо нафар аз хатари маргбор наҷот ёфтаву кумаки аввалияи тиббӣ дарёфт кардаанд ва ҷонашон аз марг раҳо шудааст. 

Аммо ҳаёт барои ҳар инсон муқаддасу мукаррам аст ва масъули амнияти худ ҳар инсон худаш аст. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад муроқиби ҳоли ҳамдигар бошанд, аз вазъи зиндагии пайвандон хабар гиранд, дасти мадад дароз кунанд. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки инсон гумон мекунад атрофиён таваҷҷӯҳ надоранд ва ӯ бо ҷумла мушкилоти худ танҳост.

Аз ин рӯ, бо ҳам бояд буд, дар мушкилот дасти ҳам бояд гирифт, то касе танҳоии худро ҳисс накунад.

барчасп: