Як афсар ва як сарбози қатории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ширкат дар мусобиқоти варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Вазорати мудофиаи кишвар дар риштаи ҷудо ҷойи аввалро соҳиб шуданд ва ду хизматчии ҳарбии воҳидҳои низомии Кумита дар водии Рашт дар вазни худ шоистаи ҷойи дуюм гаштанд.
Дар қаламрави мамлакат миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқоти ҳарбӣ-варзишӣ барои Ҷоми Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ташкилшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Дар ин мусобиқаҳо хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат доранд.
Чунончӣ, шаш нафар хизматчиёни ҳарбии КҲФ, ки дар водии Рашт ҷойгир аст, дар мусобиқаи ҷудо иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа хизматчиёни ҳарбии қувваҳои сарҳадӣ, қисми таъиноти махсуси Горди миллӣ, қисми таъиноти махсуси ВКД ва бригадаи Вазорати мудофиаи ҶТ бо ҳам қувва озмуданд.
Як афсар ва як сарбози қатории КҲФ ҷойи аввалро ишғол карданд, ҳамчунин ба ду хизматчии ҳарбии КҲФ муяссар гардид, ки дар вазни худи ҷойи дуюмро ишғол намоянд. Онҳо бо Ҷом ва ифтихономаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорони худро ба ин пирӯзӣ муборакбод мекунад!
Ҳадафи баргузории мусобиқот оммавӣ шудан ва рушди варзиш, боло бурдани омодагиҳои касбиву бадании хизматчиёни ҳарбӣ ва таваҷҷӯҳи хоса ба пешрафтҳои варзишӣ дар кишвар аст.